Тасмими ҷалби занон ба кор дар «пулиси ахлоқ». Толибон навоварӣ мекунанд?

Толибон тасмим гирифтаанд, ки барои кор дар «пулиси ахлоқ» занон ҷалб карда шаванд.

Sputnik Афғонистон аз қавли намояндаи расмии Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати ҷадид дар Афғонистон Муҳаммад Содиқ Оқиф овардааст, ки ин сохтори махсус ба татбиқи ислоҳот машғул хоҳад шуд.

— Ба ислоҳоти марбути занон машғул мегардад. Кормандони он нақши муҳтасибро хоҳанд дошт: Назорат мебаранд, ки духтарони Афғонистон дар кӯча меъёрҳои исломро риоя кунанду либоси мувофиқ ба бар намоянд,- таъкид кардааст ӯ.

Ин навоварии толибон дар ҳолест, ки ахиран Маҷмаи ҷаҳони иқтисод Афғонистонро аз рӯи рейтинги баробарӣ миёни занону мардон дар соли 2022 дар охири радабандӣ қарор дода, бадтарин кишвари ҷаҳон аз ин нигоҳ хондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *