30 сол. Чорабинии Тоҷикистону Ҳиндустон дар меҳмонхонаи “Хилтон”

Бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар меҳмонхонаи “Хилтон” чорабинии хоса баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вирадж Сингх ва дигар сафирон, рӯзноманигорон, кормандони касбу кори гуногуни дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ суруди миллии ҳар ду давлати ба ҳам дӯст садо дода, сухани ифтитоҳӣ ба сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вирадж Сингх дода шуд. Ӯ дар баромади худ оид ба муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар самти сиёсат, иқтисод ва савдо, илм ва инноватсия, фарҳангу маданият суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистону Ҳиндустон ду давлати бо ҳам дӯст буда, бо фарҳанг, забон, тамаддуни наздик ба ҳам пайванданд.

Дар чорабинии мазкур вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин низ баромад намуда, оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва раванди хуби ин муносибатҳо суханронӣ кард.

Шаҳло СОДИҚЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *