Таътили баҳории хонандагон ихтисор мешавад

Таътили баҳории хонандаҳои макотиби Тоҷикистон 5 рӯз ихтисор мешавад.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Наврӯз Ҷумъамурод  зикр намуд, ки ба далели сардиҳои шадид муҳассилин дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар истироҳат доштанд. Номбурда иброз дошт, ки 5 рӯз аз ҳисоби таътили баҳорӣ ҷуброн карда мешавад.

Ҳамин тариқ, муҳассилин аз 20 то 26-уми март таътил хоҳанд дошт ва рӯзи дигар дарсҳо дар макотиби миёна идома меёбанд. Ёдовар мешавем, ки ба далели сардиҳои шадид муҳассилин дар зимистони соли равон аз вақти муқарраршуда бештар истироҳат доштанд. Акнун аз ҳисоби таътили баҳорӣ ин қисман ҷуброн мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *