Рустами Эмомали

Таъсиси ҷоизаи нав дар Душанбе

Барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт.

Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ дар самтҳои номбурда таъсис дода шудааст.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун тавассути Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, муҳлати он то 17-уми марти соли 2023 муқаррар гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022» 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2022» — 10 ҳазор сомонӣ ва «Хонандаи сол-2022» — 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Қарори раиси шаҳр бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *