толеънома

Толеъномаи 6-уми марти соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба рафъ намудани мушкилиҳои ошиқона машғул мешавед. Нисбати дӯстдоштаатон аз ҳад зиёд хираву дилбазан нашавед, хусусан агар ба наздикӣ шинос шуда бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бе кумаки ҳуқуқшиноси ботаҷриба наметавонед. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна асабатон харобу табъатон хира мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар хона меҳнати зиёд карданатон лозим меояд. Каме даромади пулӣ ба даст меоред. Корҳои зиёди рӯзгор ва хонаатон бе иштироки шумо рафъ мегардад. Барои таъмири мошин, таълими фарзандон ва витаминҳои қавикунандаи масуният маблағи зиёд сарф мекунед. Бегоҳирӯзӣ аз дӯстдоштаатон хушхабар мешунавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нимаи аввали рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид карда, ҷароҳат бардоштану мушкили зиёд имкон дорад. Мушкилиҳои хурди оилавӣ ва пулиро рафъ карданатон лозим меояд. Саломатиро дар ҷойи аввал гузоред, бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ ба назди табиб шитобед. Агар бепарвоӣ кардан гиред, дӯстдоштаатонро меранҷонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Мушкили асосии шумо дар ин рӯз масъалаҳои молиявӣ мешаванд. Тамоми маблағҳои коммуналиро супорида, қарзҳоятонро баргардонед. Саломатиятон каме нохуб мегардад, серкориро баҳона накарда, аз пайи табобат шавед. Барои мулоқоти ошиқона ва интихоби туҳфа барои шахси дӯстдошта рӯзи мусоид аст.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи бебарор аст. Нафари бегонае ба пешравии корҳоятон халал мерасонад. Минбаъд аз нафароне, ки зарарашон ба шумо мерасад, дурӣ ҷӯед. Саломатиятон нохуб гашта, эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ ва ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Нисбати ёратон меҳрубонтар шавед. Ғуруру такаббур бар зарари муносибатҳои шахсиятон аст.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Барои саломатӣ ва сафар кардан рӯзи бебарор аст. Ҷароҳат бардоштану бо нафарони бегона муноқиша карданатон имкон дорад. Саломатиятон нохуб гашта, баъди нисфирӯзӣ худро бад ҳис карда, руҳафтода мешаведу аз дарди сар азият мекашед. Гирифтори мушкилиҳои хурди молиявӣ ва оилавӣ мегардед. Дар бораи муносибатҳои ошиқонаатон дар ҳузури дӯстони худ чизе нагӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Душманон дар бораатон овозаҳои бадро паҳн мекунанд. Беҳуда кӯшиши худро сафед карданро накунед. Рӯзро дар танҳоӣ нагузаронед, ҳатто агар бекор бошед ҳам, бо наздикону дӯстон дар робита бошед. Бо касе шинос шуданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ дӯстдоштаи худро ба театр ё қаҳвахона таклиф кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳангоми робита бо атрофиён ба забони худ нигоҳ карда гап занед, вагарна танқиду дағалгуфториятон на танҳо ба дигарон, балки ба худатон зарар меорад. Ба дӯстдоштаи худ туҳфаи ҷолибу гуворо карда, муносибатҳоятонро мустаҳкам месозед. Агар минбаъд низ нисбати саломатӣ бепарвоӣ зоҳир кардан гиред, табобат тӯл мекашад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯз барои сафару саёҳат номусоид аст. Мардҳо бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд, нохуб гаштани вазъи саломатиятон имкон дорад. Яку якбора табъатон нохуш гашта, бе ягон сабаб ғамгин гаштану асабонӣ шудан имкон дорад. Агар худро ба даст гирифта натавонед, рӯзатон якрангу бемаънӣ мегузарад. Нисбати ёратон хеле боэҳтиёт бошед, имкони ранҷиданаш зиёд аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз омадани фасли баҳор дилатон моломоли шодиву фараҳ мегардад. Сабаби дилхушии шумо на танҳо дар ҳавои форам, балки дар ошиқ шуданатон аст. Бо кори якрангу дилбазан машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Хатари ҷароҳат бардоштану бо баъзеҳо муноқиша кардан имкон дорад. Нӯшидани машрубот ва хӯроки гӯштинро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз бо рақибон мубориза оғоз мекунед ва дар натиҷа саратон ба дард омада, руҳафтода мегардед. Ба ҳар ҳуҷҷате, ки имзо мегузоред, пешакӣ аз назар гузаронед. Аз мулоқоти ошиқона табъатон хушу болида мегардад. Ҳангоми интихоби туҳфа вазъи молиявии худро ба назар гиред, то ки тамоми моҳ азоби бепулӣ накашед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Беҳтар шудани вазъи молиявиатон аз худи шумо вобастагӣ дорад, аз ин лиҳоз, ба умеди кумаки касе нашавед. Саломатиятон низ дар дасти худатон аст. Агар хӯрокатон дуруст бошаду сари вақт истироҳат кунед, аз бемориҳои зиёд халосӣ меёбед. Баъзеҳо имкони соҳиби ҷойи кори нави сердаромад ёфтанро пайдо мекунанд. Имкониятро аз даст надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *