Аз таҳти дил бихандед!
Тамасхур
Зану шавҳар филми даҳшатнокеро тамошо мекунанд. Баногоҳ дар экран аҷузае пайдо шуда, занро метарсонаду зан дод мезанад:
– Вой, очаҷон!
Шавҳар:
– Ҳа, очаатро шинохтӣ?
Ҳалли масъала
Писарбачае аз мактаб гирён ба хона меояд. Падараш ӯро дида, мепурсад:
– Ҳа, ба ту чӣ шуд? Кӣ туро зад?
Писарбача мегӯяд:
– Муаллими математика.
Падар:
– Барои чӣ муаллим туро мезадааст?
Писарбача:
– Муаллим гуфтанд, ки ҳалли масъаларо пайдо намоям, вале ман наёфтам.
Падар ҳайрон шуда, мепурсад:
– Мо чил сол пеш ҳар рӯз дар дарси математика ҳалли масъалаҳоро мекофтем, наход дар ҳамин қадар сол онро наёфта бошанд?
Орзу
Марде ба писараш мегӯяд:
– Ягон хоҳиш дошта бошӣ, иҷро мекунам.
Писар мегӯяд:
– Падар, зан гирифтан мехоҳам.
Падар мегӯяд:
– Ман хоҳишҳоятро гуфтам, ту бошӣ, аз орзуҳоят ҳарф мезанӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ