Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон: Дигар аз бесарнишин истифода намекунанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон даври нави музокироти марзиро баргузор карданд. Ин хабарро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин дидор дар гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел»-и вилояти Бодканд, воқеъ дар он сӯи гузаргоҳи марзии «Гулистон»-и Исфара сурат гирифтааст.
Дар ин музокирот раисони вилоятҳои Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Бодканд Абдикарим Алимбоев ширкат доштанд. Онҳо масъалаҳои таъмини субот дар марз ва амнияти мардум, ҳамчунин масъалаҳои роҳ, об, чароғҳо ва ҷилавгирӣ аз низоъҳои минбаъда дар марзро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд, дар ин музокирот ширкаткунандагон ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар даргириҳои марзӣ аз силоҳи сангин ва таҷҳизоти сангини низомӣ истифода нахоҳанд бурд.
«Дар вохӯрӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки минбаъд дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо (дронҳо) истифода намебаранд»,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии байни кишварҳо ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот оид ба муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариши он ва кашидани харита беш аз як сол идома дорад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хати сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва мутақобилан эътироф шудааст, қисматҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ