Тавсияи КҲФ: Оҳиста равед ва дур равед!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари гарм шудани дамои ҳаво зарфи рӯзҳои охир ва боз боридани барф то 11-уми феврали соли 2022 дар силсилакуҳҳои Ҳисор, Туркистон ва Зарафшон ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ки дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт-Лахш, Рашт-Сангвор, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ, тӯда шудани барф дар назар аст ва эҳтимол лағзиши тармаву резиши санг низ.

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд.

— Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода кунед ва нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд. Бачаҳоро назорат кунед, беназоратии кӯдакон хатарҳое дар пай дорад. Ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои куҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манифат аст. Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу бензин бо худ дошта бошед. Фаромӯш накунед, ки ба доруқуттии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед. Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед,- тавсия додааст КҲФ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *