Тазоҳуротгарони Ӯш:”Матраимовро озод кунед!”

Ба ҳисоби созмондиҳандагони тазоҳурот, ба ҷонибдорӣ аз Матраимов дар майдони марказии Ӯш ҳудуди 15 ҳазор одам ҷамъ омаданд.

Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон рӯзи якшанбе ба ҷонибдорӣ аз муовини боздоштшудаи раиси Хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимов тазоҳурот баргузор гардид. Ба ҳисоби созмондиҳандагони тазоҳурот, ба ҷонибдорӣ аз Матраимов дар майдони марказии Ӯш ҳудуди 15 ҳазор одам ҷамъ омаданд. Вале нозирони мустақил мегӯянд, теъдоди тазоҳургарон тақрибан 5 ҳазор буд. Ҳамаи ҷамъшудаҳо озодии Матраимовро талаб карданд. Таре мақомоти расмии Қирғихзистон мегуянд, оилаи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби «Раим миллион» низ маъруф аст, дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро «ғайриқонунӣ» аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз ҳисоби гумрук айбдор шуданд. Суди ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима ва қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯлу ҳисобҳои бонкияшро бекор кард.Вале ӯ 18 феврал аз сӯи мақомоти амниятӣ бо гумони пулшӯӣ дубора боздошт боздошт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *