Дар Ваҳдат мӯйсафеди 73 соларо зада, телефонашро гирифтанд

Дузд муйсафедро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Алкател” ва каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат бо ариза пирамарди 73-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Хуросон шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Алкател” ва каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаҳои 217 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шаби 23 ба 24-уми январи соли 2021, тахминан соати 00:20-дақиқа дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 41-солаи сокини шаҳри Истаравшан 1-адад телефони мобилии тамғаи «МИ-4» ва 600-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *