Тазоҳуроти мусулмонон дар Маскав
Дар маркази шаҳри Москва, пойтахти Русия садҳо мусулмон зидди таъқиби қабилаи Роҳинҷа дар Мянма даст ба тазоҳурот зада, хостори расидагӣ ба мушкили пайравони дини Ислом дар ин кишвар шуданд.
Иштирокдорони тазоҳуроти бидуни иҷозат шиор мепартофтанд, ки «Худованд бузург аст» (Аллоҳу акбар). Дар маҳалли ҳодиса — назди сафорати Мянмар — кормандони пулис низ ҳузур доштанд, вале ба рафти тазоҳурот дахолат накарданд.
Дар Мянмар, ки асосан буддоиҳо ба сар мебаранд, мусулмонони қабилаи Роҳинҷа пайваста зери таъқиби мақомот қарор доранд. Тайи рӯзҳои ахир беш аз 75 ҳазор намояндаи ин қабила маҷбур шуданд, ки Мянмарро тарк кунанд. Дар натиҷаи задухӯрди ҳафтаи ахир миёни буддоиҳо ва мусулмонони Мянмар беш аз 400 одам кушта шуданд.
Манбаи «Қафқоз.Воқеиятҳо» (лоиҳаи RFE/RL) гуфт, сокинони Чеченистон вазифадор шудаанд, ки дар ин тазоҳурот иштирок кунанд. Пештар, рӯзи якшанбе зидди амали мақомоти Мянмар дар Доғистон роҳпаймоӣ баргузор шуда буд.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Москва вазъ дар Мянмарро бодиққат пайгирӣ мекунад ва ҷонибҳои даргирро ба гуфтугӯи осоишта даъват кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ