Тазоҳуроти ҷонибдорони Дустум дар Маймана

Дувумин рӯзи тазоҳуроти ҷонибдорони Низомиддин Қайсарӣ дар шаҳри Маймана — маркази вилояти Форёб, воқеъ дар шимоли Афғонистон, ба хушунат печид.

Ба гузориши хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, тазоҳуркунандагон рӯзи 4-уми июл баъзе биноҳо, аз ҷумла бинои ҳукумати вилояти Форёбро ба оташ кашиданд. Шаҳри Маймана дар ҳоли ҳозир дар контроли нерӯҳои амниятии афғон аст.Низомиддин Қайсарӣ намояндаи вижаи Абдурашид Дӯстум, муовини аввали президенти  Афғонистон дар шимоли он кишвар мебошад. Ӯ рӯзи 3-юми июл аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт ва барои таҳқиқот дар робита ба иттиҳомоте, ки ба ӯ ворид шудааст, ба Кобул интиқол дода шудааст.Ба гуфтаи манобеъ дар бемористони вилоятии Форёб, дар даргириҳои имрӯз миёни нерӯҳои амният ва тазоҳуркунандагон дар шаҳри Маймана як тан кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *