Зани покалон гирӣ, занкалон мешавӣ?

Аз рӯйи ангуштони пой хислат ва сарнавишти инсонро муайян кардан мумкин аст

Аз рӯйи сохт ва андозаи ангуштони пой на танҳо хислати инсон, балки дар бораи сарнавишти инсон низ бисёр чизҳоро фаҳмидан мумкин аст. Инак, ба кафи пойи худ ва ба пойи дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётиятон нигаред.

Варианти 1 — эҷодкори беҷуръат
Ангуштони пой мисли аскарони сафкашида, аз рӯйи дарозияшон яке аз дигаре пасттар бошад, ин нишонаи эҷодкор будани шахс аст. Нафароне, ки ангуштонашон мутаносиб омадааст, дар ҳама гуна вазъият роҳи ҳалли масъаларо меёбанд. Ягона камбудии ин тоифа дар беҷуръатии эшон аст. Бо сабаби эътимод надоштан ба худ, чунин одамон баъзан беҳтарин шансҳоро аз даст медиҳанд.

Варианти 2 — ихтироъкор

Вақте ангушти калон ва ду ангушти дигар дар як сатҳ қарор доранд, ин нишонаи он аст, ки соҳиби пой шахси боғайрат ва ихтироъкор буда, дар азми худ устувор меистад. Ин тоифа то охир барои расидан ба мақсад талош намуда, ҳеҷ гоҳ кори сар кардаашонро дар нимароҳ намемонанд.

Варианти 3 —  лидер

Ангушти дуюми инсон аз ангушти якумаш калонтар бошаду ангуштони дигар пайи ҳам, донед, ки ин шахс лидери ҳақиқӣ аст.

Ин тоифа ба ҳар коре, ки даст мезанад, муваффақ шудан мехоҳад ва баъзан дар пайи расидан ба мақсуд аз ҳад гузаронида, ба худ зарар мерасонанд. Шахсоне, ки ангушти дуюмашон аз ангушти якум дарозтар аст, дар оила хуҷаин мешаванд. Дар кишвари Ҳинд волидон, хусусан модарон аз тарси занкалон нашудани фарзандонашон ба писаронашон иҷозат намедиҳанд, ки бо духтарони ангушти дуюми пояшон дароз оила бунёд намоянд.

Варианти 4 — дӯсти боэътимод ва хонақап

Ангушти калонӣ дарозу ангуштони дигар қариб, ки баробар бошанд, дар назди шумо нафаре истодааст, ки оила ва дӯстон барояш маънии зиндагӣ ҳастанд. Ӯ дарди дигаронро дарк карда метавонад ва ҳамеша ба ғами мардум шарик мешавад. Баъзан ин тоифа мушкили дигаронро чунон наздик қабул мекунанд, ки ба худашон зарар мерасад.

Варианти 5 — тифли сода

Ангушти дуюм аз ангушти аввал калонтар, вале ангуштони дигар яке аз дигаре кутоҳтару баландтар бошанд, соҳиби ин пой хоҳиши ба дӯш гирифтани бори масъулиятро надорад. Ин тоифаи одамон дилкаш ва рафторашон ғалатӣ менамояд, чунки мисли кӯдакон содаву дилсоф ҳастанд.

Мутобиқати хислатҳо дар никоҳ

Ҳар қадаре ангушти дуюм дарозтар бошад, ҳамон андоза сифатҳои лидерӣ дар шахс бештар аст. Ин тоифаи одамон фаъол ва уҳдабаро ҳастанд, аммо фикру ақидаи дигаронро ба назар намегиранд. Шумо чунин хислат дошта бошед, каме худро ба даст гиред, вагарна ба золим мубаддал гашта, аз бахт бе насиб мемонед.

Ангушти дуюми пойи зан дарозтар бошад, дар никоҳ бетолеъ ва сарчашмаи нобасомониҳои дигарон мегардад. Ангушти калонии зан аз ҳама дарозтар бошад, мутеи шавҳар мешавад. Дароз будани ангушти дуюм нишонаи он аст, ки зан дар оила сарвар гашта, шавҳарашро таги по мекунад.

Дарозии ангушт ва мувофиқати муносибатҳои маҳрамона

Тавре маълум аст, номутобиқ будани зану мард дар муносибатҳои маҳрамона аз пайи худ мушкилоти зиёди дигареро ба бор меорад. Нафароне, ки рағбати ҷинсияшон кам аст, ангушти калонияшон аз ҳама дароз мешавад, шахсони рағбати ҷинсияшон миёнаро ангушти якум ва дуюмашон баробар мешавад. Касоне, ки рағбати ҷинсияшон бештар аст, ангушти якуми пояшон аз ангушти дуюм 3-10 миллиметр кутоҳтар мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *