ЭҲЁ акробатикаи тоҷик дар ин марҳила қарор дорад

Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акробатикаи варзишӣ ва ҷаҳиш дар батут байни наврасону ҷавонон баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур дар доираи нақшаи ягонаи чорабиниҳои варзишӣ дар соли равон бо ибтикори Мактаби маҳорати варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ (ММВКНЗО) оид ба акробатикаи №8 роҳандозӣ карда шуд.

Тавре директори ММВКНЗО Содиқбек Нусратов иттилоъ дод, дар мусобиқа беш аз 140 варзишгар дар ҳайати дастаҳои «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Душанбе-3», «Хатлон» ва ноҳияҳои тобеи марказ давоми ду рӯз – 30 июн ва 1 июл ширкат варзиданд. Кӯдакони 4-5-сола ва наврасону ҷавонон дар намудҳои ҷуфтҳои занонаю мардона, сегона, омехта, чоркаса, ҷаҳиш дар роҳчаи акробатӣ, ҷаҳиш дар батут малакаю маҳорати варзишии худро ба ҳайати  доварону мухлисон намоиш доданд. Варзишгарон бо навбат ба майдон баромада, барномаи худро, ки аз элементҳои ҷолиби акробатӣ иборат буд, пешкаш намуданд. Кас аз дидани маҳорату малакаи варзишгарон, ки таҳти тамрину машқҳои ҳаррӯзаи мураббиёнашон пайдо кардаанд, қоил мешуд. Акробатҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ дар малакаю маҳорат аз ҳамтоёни  душанбегии худ қафо намемонданд.

Дар фарҷом ҳайати доварон ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявиро дар соли 2018 муайян карданд: ҷуфти занонаи Дилноза Сулаймонова, Нилуфар Болтаева, ҷуфти сегонаи занонаи Эвелина Уланова, Сабоҳати Раҷабмурод, Шабнами Муҳаммадраҳим, ҷуфти омехтаи Эвелина Уланова, Раҳматулло Худойдодов, ҷуфти чоркасаи Абубакр Ҷалилов, Раҳматулло Худойдодов, Достон Сафаров, Хоҷабой Нурматов, ҷуфти мардонаи  Абубакр Ҷалилов, Хоҷабой Нурматов, (дар гурӯҳи наврасон), ҷуфти занонаи Фараҳноз Шарипова, Фарангиз Шарипова, ҷуфти  мардонаи Сулаймон Норов, Ҷонибек Норов, ҷуфти секасаи Комила Шокирова, Нигора Қамбарова, Омина Сафарова, ҷуфти омехтаи Сабринаи Ҷунайдулло, Аслан Раҳимов, ҷуфти чоркасаи Комрон Ғоибов, Ромиш Игамов, Руслан Бахибеков, Аслан Раҳимов (дар гурӯҳи ҷавонон).

Ҳамчунин, дар роҳчаи акробатӣ  Абдулло Сайфуллоев байни наврасон,  Комёр Абдурасулов байни ҷавонон, ҷаҳиш дар батут байни духтарон Ситора Норова, Машваа Раҳмонова, дар ҷаҳиши синхронии ҷавонон, байни  наврасон Азиза Бутаева, Комила Шокирова, байни ҷавонон Муҳайё Розиқова ва Комрон Ғоибов ғолибият ба даст оварданд.

Аз суҳбат бо Устодони варзиши СССР, мураббиёни шинохта Содиқбек Нусратов ва Фаррух Маҳмудов маълум гардид, ки  акробатикаи Тоҷикистон таърихи бисёрсола дошта, варзишгарони тоҷикистонӣ  аз иштирокчиёни фаъоли мусобиқаҳои умумиттифоқӣ буданд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисони варзидаи Мактаби маҳорати варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ  оид ба акробатикаи шаҳри Душанбе, ки аксар русу русзабонҳо буданд, муддате рӯ ба таназзул овард. Аммо роҳбарияти давлати соҳибистиқлол ва Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон ба рушди намудҳои гуногуни варзиш, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда, аз ҷумла ба эҳёи акробатика муяссар гардид. Имрӯз мураббиёни Мактаби маҳорати варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ  вакзифадор карда шуданд, ки барои эҳё ва рушду такомули акробатикаи варзишӣ  тамоми малакаю донишашонро равона созанд.

Акробатика дар кишвар алҳол дар шаҳрҳои Душанбею Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ фаъол аст. Умед аст, ки мактабҳои акробатика дар вилояти Суғд ва дигар шаҳру навоҳии кишвар таъсис дода  мешавад.

Комёбии  нахустини акробатҳои Тоҷикистон соли гузашта дар Чемпионати X Осиё, ки дар Алмаато гузашт, умедбахшанд. Шогирдони мураббӣ Содиқбек Нусратов — Саидаҳтам Давлатов ва Мухлис Розиқов дар рақобати ҷуфти мардон ҷойи сеюм ва медали биринҷиро соҳиб гардиданд. Ин дунафарон аз варзишгарони беҳтарини ММВКНЗО ба шумор мераванд. Онҳо соле қабл аз ин дар мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе дастболо шуданд.

-Ҳадафи мусобиқаи ҷумҳуриявии дирӯза пайдо кардани варзишгарони лаёқатманд ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон мебошад, —  мегӯяд С. Нусратов. –Хушбахтона, мо чанд нафар наврасону ҷавонони болаёқатро ба мунтахаби кишвар тавсия додем. Баъд аз ин онҳоро дар баробари Саидаҳтам Давлатов ва Мухлис Розиқов барои ширкат ба Чемпионати Осиё, ки моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир мегардад, омода мекунем.

Эмоми НАЗАРИЁН.,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *