Театрҳои тоҷик дар мавсими нав чӣ дастовез доранд?
Ҳафтаи равон пасупеш театрҳои касбӣ дар Тоҷикистон мавсими нави худро оғоз карданд. Мо бо театрҳо тамос гирифтем, то бидонем, ки онҳо дар мавсими нав ба тамошобин чӣ дастовез омода кардаанд.
Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ:
Театр мавсими 93-юмро рӯзи 20-уми сентябр бо намоиши “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”, ки аз рӯи асари Холиқ Хурсандов ва таҳияи Султон Усмонов рӯи саҳна омадааст, оғоз намуд. Намоиши дигари театр дар ин мавсим “Фирдавсӣ” аст, ки аз рӯйи романи ҳамноми Сотим Улуғзода ба саҳна гузошта шудааст.
Ҳамчунин, дар мавсими нав театр намоиши “Пайғомак”-ро аз рӯи асари Д. Смирнов дар таҳияи коргардон Баҳром Қурбонзода рӯзҳои наздик пешкаши тамошобин мекунад. “Маро бикуш, ҷонакам” асари маъруфи драматурги турк Азиз Несин аст, ки дар таҳияи Султон Усмонов дар мавсими нав ба саҳна гузошта мешавад. Дар баробари ин театр чандин спектакли ҷолиб барои кӯдакон ва калонсолон пешкаш мекунад.
Театри академӣ-драмавии русии ба номи В. Маяковский:
Аҳли эҷоди театр дар мавсими нав намоиши “Мастер и Маргорита”-ро аз рӯи асари нависандаи рус Михаил Булгаков ба саҳна хоҳанд гузошт. Режиссёри намоиш саркоргардони театр Хуршед Мустафоев аст. Ҳамчунин, театр дар мавсими имсола намоишҳои соли қаблиро аз қабили “Хонума”, “Бунт невесток”, “Тартюф” ва ғайра ба саҳна хоҳад гузошт.
Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ:
Мавсими нави театрӣ бо намоишномаи “Мақоми ишқ”-и Фирӯз Баҳор оғоз шуд. Ҳунармандони театр ҳамчунин мехоҳанд операҳои “Айнӣ”, “Рӯдакӣ”, “Шайх-ур-раис”-ро бознигарӣ ва пешниҳоди тамошобинон кунанд. Ҳамчунин, дар театр операҳо бо ширкати ҳунармандони хориҷӣ дар назар аст.
Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов:
Масъулини театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими имсоларо бо намоиши “Дирафши коваёнӣ” аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Мелик оғоз карданд. Дар репертуари театр ҳамчунин намоишҳои “Зани оҳанин”, “Тарма”, “Гунҷишкак механдад”, “Шаби танҳоии зан” ва намоишҳои кӯдакона мавҷуд аст.
Театри таҷрибавии ба номи Муҳаммадҷон Қосимов:
Ин театрро бештар бо номи “Аҳорун” мешиносанд. Театр асосан намоишномаҳои солҳои пеш ба мисли “Исфандиёр”, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Ватандорӣ” аз рӯи ашъори Лоиқ Шералӣ, “Макбет” аз рӯйи достони Уилям Шекспир ва “Таъбири ишқ” аз рӯйи достони “Лайли ва Маҷнун”-и Низоми Ганҷавӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхиро пешниҳоди тамошобинон мекунад.
Театри давлатии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов:
Театри давлатии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов мухлисони худро бо намоишномаи “Қалби зан” пешвоз мегирад, ки ин намоиш дар таҳияи Шукурзода Қурбонмуҳаммад аз рӯи асари Эркин Хушбахтов рӯи саҳна омадааст. Директори театр Отахон Саидзода дар суҳбат бо “Тоҷикистон” гуфт, ки “ба ғайр аз намоиши “Қалби зан” мо намоишномаҳои нав дорем, ки ба саҳна хоҳем гузошт. Инҳо намоиши “Арӯси хаппак” аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва як намоишномаи бачагона бо номи “Супер духтарак” дар таҳияи Баҳром Қурбонзода аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус мебошанд. Дар ояндаи наздик нақша дорем, ки намоиши “Зол ва Рустам”-ро аз рӯи асари безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ба саҳна гузорем”.
Театри давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода:
Дар театри давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода дар мавсими нав намоишномаҳои нав ба саҳна гузошта мешаванд. Аз ҷумла “Серӯза дунё” аз рӯи асари Набиҷон Қодирӣ, “Тарс” аз рӯи асари Нур Табаров дар таҳияи саркоргардони театр Одиназода Раҳмоналӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамзамон, ба саҳна гузоштани намоиши “Муқими кӯйи ҷонон” аз рӯи асари Сафармуҳаммад Аюбӣ ва намоиши бачагонаи “Ҳиллаҳои харгӯшак” аз рӯи асари Шамсӣ Қиёмов дар таҳияи Одиназода Раҳмоналӣ дар назар аст.
Театри давлатии мазҳака ва мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ:
Мавсими 89-уми театр бо намоишномаи “Қисмат” кушода шуд. Намоиш аз рӯи асари Василий Сигарев ва тарҷумаи Саидамин Ҷило дар таҳияи саркоргардони театр Суҳроб Шехов рӯи саҳна омадааст. Ҳамчунин, театр намоишҳои “Арӯси ҷойдорӣ”, “Булбули Хуҷанд”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Исёни арӯсон” ва ғайраро пешкаши ҳаводорон мекунад.
Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ