Як пешгӯйии Туғрали Аҳрорӣ

Шаҳри Хуҷанд. Хиёбони Исмоили Сомонӣ. Аз зани роҳгузар пурсидам: “Хонаи Муқаддамахон Икромоваро медонед?”. Зани нуронӣ бо чеҳраи кушода гуфт: “Бале, он кас набераи Туғрали Аҳрорӣ, аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ…” ва суроғаро нишон дод.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти охири асри 19 ва аввали асри 20 аст. Ӯро охирин намояндаи адабиёти классикӣ низ меноманд. Ӯ дар шеъргӯйӣ пайравӣ Мирзо Бедил буд. Туғрал солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи Шӯравӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобиёни болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, вале тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақ гирифтораш карданд ва 28-уми июни соли 1919 аз тарафи Аскарони Сурх ба қатл расонида шуд. Мазораш дар зодгоҳаш — деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ зиёратгоҳи ҳазорон нафар алоқамандони ашъораш аст.

Аз Туғрали Аҳрорӣ фақат як духтар — Муқаддарахон нишона монду халос. Қаҳрамони имрӯзаи мо Муқаддамахон духтари Муқаддарахон, яъне набераи бевоситаи Нақибхони Туғрал аст.

Ин зани нуронӣ бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифт ва вақте фаҳмид, ки аз “Тоҷикистон” ба аёдаташ омадаем, моро ба хона даъват кард.

Муқаддамахон Икромова соли 1944 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, имсол 78-солагиашро ҷашн мегирад. Муқаддамахон соли 1961 мактаби №8-и деҳаи Зосунро, ки номи бобояшро дорад, хатм карда, барои идомаи таҳсил ба Ленинобод меояд. Ба факултаи химия ва биологияи Институти педагогии Ленинобод шомил шуда, соли 1966 таҳсилро ба анҷом мерасонад. Баъдан, ба зодгоҳаш баргашта, ҳамчун омӯзгор дар мактаби деҳа кор мекунад.

“Соли 1969 маро ба ҳайси раиси Комиҷроияи исполкоми райони Айнӣ ҳамчун депутат интихоб карданд. 26-уми октябри соли 1975 бошад, мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Ленинобод таъйин шуда, ба шаҳри Хуҷанд рафтам ва то соли 1983 дар ин вазифа кор кардам”,- мегӯяд муаллима Муқаддамахон Икромова.

Ҳамин тавр, сарнавишти ӯ ба шаҳри Хуҷанд мепайвандад. Фарзандонаш Зафар ва Мунаввара, ки худро боифтихор аберагони Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ муаррифӣ мекунанд, дар ҳамин шаҳр ба воя расиданд. Имрӯз Зафар дар МИҲД-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дораду Мунавварахон дар Русия соҳибкор аст. Худи муаллима гарчанде ба нафақа баромада бошад ҳам, то ҳол дар ҳама корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои вилоят ва шаҳр фаъолона иштирок мекунад.

“Ман нишоне аз ягона духтари бобоям Муқаддарахон ҳастам”,- мегӯяд муаллима Муқаддамахон Икромова ва китоберо аз ҷевон гирифта, ба ман нишон медиҳад. Ин китоб “Туғрал аз табори Хоҷа Аҳрор” ном дорад, ки онро соли 2016 Баҳодурхони Ниёз таълиф кардааст.

“Дар ин китоб як силсила аксҳои пайвандонамон, ки давомдиҳандаи насли бобоям ҳастанд, ҷой дода шудааст. Бобоям як духтар доштанд, яъне модарам, вале модарам соҳиби 7 фарзанд шуданд, ки акси ҳама дар ин китоб ҳаст. Суханшиносону хонандагон аз он истифода мебаранд”,- мегӯяд ҳамсуҳбатамон ва як-як варақҳои китобро гардонида, аксҳоро нишон медиҳад: “Ин акси модарам, Муқаддарахон, инҳо хоҳаронам Муаттарахон ва Мусадасхон, ин кас бошад, бародарам Саидбурҳон…”.

— Модаратон дар бораи бобоятон чӣ нақлҳо мекарданд?,- суол мекунем аз муаллима.

— Аввал бояд бигӯям, ки модарам зани порсову меҳрубон буданд. Мо фарзандонро хуб тарбия карда, ҳамаамонро соҳиби маълумот карданд. Вақте бобоямро соли 1919 ба қатл мерасонанд, он вақт модарам 6-моҳа будаанд. Бинобар ин, падарашонро ёд надоранд. Вале ман бештари нақлу ривоятҳоро аз модаркалонам Муҳаррамхон — ҳамсари Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ шунидаам. Эшон дар бораи шавҳарашон бо муҳаббат сухан мекарданд. Аз эшон ба сифати як инсони озодаву хушахлоқ ва донишманду закӣ ёдовар мешуданд. Ҳатто он касро валӣ мегуфтанд. Дар ин маврид як воқеаи аҷибро низ нақл карда буданд. Нақл карданд, ки вақте модарам ба дунё меоянд, бобоям он касро Муқаддарахон ном мегузоранд. Бародарашон Мансурхон суол мекунанд, ки чаро ин номро интихоб кардед? Он кас гуфтаанд, ки дар муқаддароти ман танҳо як фарзанд навишта шудааст…

Муқаддамахон Икромова аз он шукргузор аст, ки ном ва эҷодиёти падарбузургаш дубора эҳё шуд ва мардуми тоҷик эҷодиёти Нақибхон Туғралро мехонанд ва ин шоири бузургро дӯст медоранд.

“Хурсандии ман аз он аст, ки 18-уми сентябри соли 2015 Маҷмааи шоир Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он мо пайвандони шоир низ иштирок доштем. Имрӯз дар деҳаи Зосун ҳавлии бобоям мавҷуд аст, ки дар он хоҳари калониам Муаттарахон зиндагӣ мекунанд. Як қисмати ҳавлӣ осорхона аст, ки ҳар сол садҳо нафар сайёҳон аз он дидан мекунанд. Худи Муаттарахон бевосита сайёҳонро пешвоз мегиранд”,- мегӯяд Муқаддамахон Икромова.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *