Теъдоди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон маълум шуд

Дар  9 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ 8778  мошини барқӣ ворид карда шуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5423 адад зиёд мебошад.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» воридоти мошинҳои барқӣ ба ҷумҳурӣ идома дорад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037» қабул шудааст.

Тибқи маълумоти соҳавӣ, то 1 ноябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 48 ҳазору 989 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки истифода мешаванд, ба қайд гирифта шудаанд.

“1 январи соли 2014 дар ҷумҳурӣ 666 ҳазору 74 адад воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 52 ҳазору 362 адад боркаш, 16 ҳазору 554 адад мусофирбар ва 587 ҳазору 74 адад сабукрав ба қайд гирифта шудаанд”,-иттилоъ медиҳад вазорати нақлиёт.

Аз 48 ҳазору 989 адад воситаи нақлиёти автомобилӣ 22036 адад мошини боркаш, 6316 адад — мусофирбар ва 20634 адад автомобили сабукрав мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *