Тедрос: Пандемияи COVID-19 имсол ба анҷом мерасад
Роҳбари генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус изҳори итминон кардааст, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 хотима меёбад ва низоми фавқулодаи байналмилалӣ бинобар ин беморӣ лағв хоҳад шуд.
Бино ба иттилои “ТАСС”, мавсуф дар ин хусус зимни ба ӯ супурдани медали Томас Фрэнсиси хурдӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар соҳаи тандурустӣ изҳори назар намудааст.
«Ман итминон дорам, ки дар ягон лаҳзаи ин сол мо метавонем бигӯем, ки COVID-19 ҳамчун ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад ва ҳамчун пандемия ба анҷом расид»,- гуфтааст Гебрейесус.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ