Телефони боварии раиси вилояти Хатлон фаъол шуд
Телефони боварии раиси вилояти Хатлон фаъол шудааст. Фаъолсозии рақами алоҳида ба хотири беҳтарсозии кор ва огоҳ будан аз мушкилоти мардум мебошад.
Шуъбаи иттилоотии вилояти Хатлон хабар додааст, ки телефони боварии раиси вилояти Хатлон бо рақами (+992) 979 16 16 16 дар шабакаи Whatsapp (Вотсапп) ташкил шудааст.
Шаҳрвандон метавонанд бевосита камбудиву мушкилоти ҷомеаро тариқи матн ва аксу навор ба ин рақам фиристанд. Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилот масъулин вазифадор карда шуда, барои ислоҳи он чораҷӯӣ карда мешавад.
Инчунин, аз натиҷаи баррасии муроҷиат ба шаҳрванд хабар расонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ