Телевизиони тоҷик 59 – сола шуд
Имрӯз, 3 – юми октябр дар бинои Академияи ВАО – и Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсисёбии телевизиони тоҷик ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоишро раиси Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳи Исмоил ифтитоҳ намуда, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро ба рӯзи таъсисёбии телевизиони тоҷик табрик намуда, вобаста ба нақши васоити электронии ахбор дар тарғиби фарҳанги миллӣ, таблиғи сиёсати ҳукумат, тарзи либоспӯшӣ дар ТВ ва фарқи либоси миллӣ аз расмӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳамоиш Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиои факултети журналистикаи ДМТ ва Умед Назарзода, муовини аввали телевизиони “Тоҷикистон” маърӯза ва суханронӣ карданд.
Дар охири нишаст, аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи ВАО собиқадорони соҳа ва фаъолони телевизион, аз ҷумла Рафоат Абдусаломова, Саъдулло Раҳимов, Мусаллама Мухторова, Шералӣ Мустафоқулов ва дигарон бо ҷоиза ва сипосномаву ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ