Темур Зулфиқоров макони мулоқоти Исои Масеҳ ва Муҳаммад с)
Рӯи пули борике, ки ду соҳили “Варзоб”-ро ба ҳам мепайваст, марди дарвешсурате чашм ба мавҷи хурӯшони дарё дӯхта, ғарқи олами хаёлот гашта буд. Бо шунидани садои таваққуфи мошини мо ӯ нигоҳ аз рӯд барканд ва солор-солор қадам ҷониби мо гузошт.
- Рӯдхонаи Варзоб дар фасли гармои тобистон манзили наҷоти ман аст, — ба сухан омад ӯ. — Ҳарчанд дар ин ҷо ғурфае барои аз гармо паноҳ бурдану даст ба эҷод задан надорам, чун бо дарвешон, дӯстон, мухлисонам кунҷи хонае, пораи нонеро бо ман мебинанд.
Дар сухани Темур Зулфиқорови паймонаи умраш ба 80 расида яъс ва дар уфуқи он умед эҳсос мешуд.
Ӯ моро ҷониби сурфа хонд. Ин сурфаи танг гилеми афсонавие буд. Гилеме, ки моро ба осмони парвози хаёлоти нависандае, ки дар қатори 10 мушҳуртарин нависандагонии рус ва 100 мумтозтарин қаламкашони ҷаҳон қарор дорад.
Ҳини суҳбат Исои Масеҳ, Муҳамммад (с), Конфутсий, Сталин, Чингизхон, Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Фирдавсӣ, Толстой, Маркес… бо мо мепайванданд… Бузург аз бузургон ҳарф мезанад. Чуноне ки Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
— Темур Қосимович, ҷавонӣ саршор аз неруст, ҳамеша дар талоши фатҳи қуллаҳост, андеша чун хунаш дар ҷӯш аст. Даме ки паймонаи умр ба 80 мерасад, инсон, билхоса нависандае чун шумо дар бораи чӣ фикр мекунад?
— Дар бораи чӣ? Шурӯъ мекунем, аз марги китоб. Ман дар ҳайрат, ки китоб хондан аз байн меравад, аммо мағозаҳо пур аз ин махзани дониш. Албатта, чунин фазо вобаста ба муҳит ва кишварҳост. Масалан, агар ба мағозаҳои китобфурӯшии Амрико дароед он ҳамеша пур аз одам аст, мардум китоб мехонанд. Дар ин кишвар барои аз байн нарафтани китоб ва китобхон кардани мардум миллиардҳо доллар сарф мекунанд. Мабалағҳои хеле зиёд барои тарғиби китобҳо сарф мешаванд. Албатта, қисмати зиёд китобҳое ҳастанд, ки моли асили адабиёт нестанд. Халтуранависону графоманҳо ҷои нависандагони асилро мегиранд. Ба ном нависанда ва дар нохунак шоирон тариқи телевизион баромад мекунанд, аз ҳарзаҳои онҳо мавҷҳои радиоҳо, телевизион, саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пуранд. Барои ҳамин ақидае, ки гӯё китоб мемирад, асос надорад. Воқеият ин аст, ки адабиёти асил мемирад. Зеро нависанда, шоири асил наметавонад, асарашро тарғибу чоп кунад. Ман метавонам даҳҳо нависандаро номбар кунам, ки даҳҳо китоб доранд, аммо ба адабиёт ҳеҷ иртиботе надоранд. Як замон зери шиори «Пролетарҳои ҷаҳон як шавед!» пролетарҳо ҷамъ меомаданд, ҳоло бошад зери ин шиор графоманҳо муттаҳид мешаванд.
— Чаро чунин аст? Сабаби рушди адабиёти графоманҳо ва дар гӯшаи фаромӯшӣ афтодани адабиёти асил дар чист?
— Сабаб он аст, ки графоманҳо зиёданд ва нависандагони асил дар ҳар давлат 2-3 ва зиёди зиёд 4-5 нафаранд.
— Имрӯз дар дунё, махсусан тариқи интернет пахши иттилоот суръати кайҳонӣ гирифтааст. Маълумоти заруриро инсон метавонад дар чанд дақиқа ба даст орад. Аммо мутолиаи адабиёт вақту ҳавсала мехоҳад. Шояд канор рафтани адабиёт раванди табиӣ бошад?
— Не. Ин монанди дарахтест, ки пир шуда, решаҳояш мепӯсанд ва аз тарафи дигар решаҳои онро медарранд.
— Маънии ташбеҳи шуморо нафаҳмидам.
— Адабиёт ё худаш мемирад ва ё онро мекушанд. Амиқ намеравем. Тавре гуфтам, графаманҳо мисли иблисон ба адабиёт часпидаанд ва бо худнамоӣ рақобат мекунанд. Нависандаи асил барои чунин корҳо вақт надорад, ӯ мешинаду эҷод мекунад. Хушбахтона, дар Ғарб як гурӯҳ ашрофзодагон анъанаи ҳазорсоларо идома дода, адабиёт, мусиқӣ, кино ва рассомии асилро нигоҳ медоранд ва инкишоф медиҳанд. Ин хурсандиовар аст. Хурсандии дигари ман ин аст, ки тоҷикон, ки фарҳанги ҳазорсола доранд, дар мисоли Рӯдакӣ, ки 1150 сол пеш, ба забони барои имрӯзиён фаҳмо менавишт, адабиёти классикӣ, яъне асилро зинда нигоҳ медоранд ва мусиқии классикиро ва рассомиро мепарастанд. Русҳо низ ҳамеша Толтой ва Гоголро дӯст медоранд.
— Маҳз дар ҳамин давлатҳое, ки Шумо классикдӯст гуфтед, хондан аз байн меравад. Дар дунё лоақал графаманҳоро мехонанд, аммо дар Тоҷикистон умуман намехонанд. Вазъи мутолиаи русҳо ҳам зиёиёни русро ба ташвиш овардааст.
— Ҷопониҳо исбот кардаанд, ки агар инсон се моҳ китоб нахонад, 80 фоизи фаъолияти мағзи сараш аз кор мемонад. Яъне, инсон ба гӯсфанд мубаддал мешавад ва метавонад қадамашро калон-калон ҷониби рама гузорад. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ мардум адабиёти асилро мутолиа мекард, маҷбур мекарданд, ки хонад. Маълум шуд, ки инсонро барои он ки инсон бошад, маҷбур кардан лозим. Чун тарбияи ҳама баробар нест, як нафар аз кӯдакӣ пушти роял мешинад, Библияву Қуръон ва адабиёти ҷиддӣ мехонад, аммо як нафари дигар дур аз ҳаёти инсонӣ тарбия мегирад. Барои ҳамин, тарбия омили муҳим аст, зеро аввалиро наметавон харид, аммо харидани дуввумӣ осон ва бо чанд танга аст.
— Чӣ бояд кард, ки аққалан фазои китобхонии замонии Шӯравиро барқарор кунем, чун имрӯз, тавре ёдовар шудем, мардум намехонад ва ба гуфти шумо ҷониби рама равонанд?
Идомаи мусоҳиба дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ