Дилшод Назаров- охирин умеди Тоҷикистон

Шоми  имрӯз соати 19:05 бо вақти Душанбе  гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат меварзад.

Дар ин бора  аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Дилшод Назаров,  варзишгари  тоҷик ба гурӯҳи В дохил шудааст. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Булғористону Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Узбекистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомиланд.
Бояд  зикр кард, ки натиҷаи беҳтарини Дилшод Назарови 34-сола 80 метру 71 сантиметр мебошад. Дар ин гурӯҳ рақибони аслии ӯ Иван Тихони 40-сола аз Беларус (натиҷаи беҳтаринаш   84.51 м), Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (натиҷаи беҳтаринаш  82.69 м) ва Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (натиҷаи беҳтаринаш  78.71 м) мебошанд. Ёдовар мешавем, ки дар ин намуд варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри  Барселонаи Испания бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Хотиррасон  менамоем. ки аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар-  Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр)  ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *