Темурмалик: Беморхонаи марказӣ соҳиби шуъбаҳои нави таваллуд ва ҷарроҳӣ мешавад
— Шуъбаҳои таваллуд ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аз нав сохта мешаванд. Дар таъмиру тармими иншоот беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шудаанд,- хабар медиҳад МИҲД-и вилояти Хатлон.
Дар рафти корҳои таъмиру барқарорсозии беморхона ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ додаанд, ки дар иншооти мазкур бо маблағгузории Бонки рушди Олмон дар майдони 3030 метри мураббаъ ба маблағи 11 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки беморхона соли 1988 сохта шуда, сарфи назар аз он, ки дар давоми солҳои фаъолият беморхона се маротиба таъмиру тармим шудааст, бинобар фарсуда шуданаш ба таъмиру тармими асосӣ ниёз дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ