Терминал. Қутии бефоидае, ки монополия хоҳад шуд
Давоми як моҳ мешавад, ки дари аксари марказҳои дилерии Тоҷикистон ба рӯйи муштариён баста буда, терминалҳои мобилӣ фаъолият намекунанд. Ин ҳолат саргардонии мардум ва норозигии соҳибкоронро ба миён овардааст.
Тоҷиктелеком манфиатҷӯӣ мекунад?
Иддаои соҳибкорон ин аст, ки марказҳои дилериро иҷора гирифтаанд ва намедонанд, ки маблағи онро чӣ гуна пардохт намоянд. Аз тарафи дигар, дар чунин шароити бӯҳронӣ ҳайронанд, ки ба кадом намуди фаъолият гузаранд. Аз рӯйи маъулумоти дастрасшуда, ҳоло ҳуқуқи фурӯши симкортҳоро ба шаҳрвандони дохил ва хориҷ танҳо ду ширкат – «Ошно-групп» ва «О –мобайл» гирифтаанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, ба таври расмӣ симкортҳоро бевосита ширкатҳои мобилӣ мефурӯшанд. Ширкати «Ошно-групп»-ро марбут ба “Тоҷиктелеком” медонанд, ки раисии онро Бег Сабур ба дӯш дорад. Мақомоти давлатӣ иброз медоранд, ки бо ин роҳ бозори фурӯши симкорти телефонҳоро ба танзим медароранд ва дар бораи соҳиби телефон маълумоти дақиқ ва расмӣ мегиранд. Ҳадафи дигар, аз даст ба даст нагузаштани симкортҳо ва ба дасти гуруҳҳои ифротгарову террористи роҳ наёфтани симкортҳо мебошад. Аммо ба андешаи соҳибназарон, ин тасмим дар бозори симкортҳо як монополияи нав ҷорӣ мекунад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтааст, ки танҳо ширкатҳое ба хариду фурӯши симкорти телефонҳои мобилӣ ҳақ доранд, ки иҷозатномаи Хадамоти мазкурро дошта бошанд. «Кадом ширкате, ки иҷозатнома дошта бошад, бемамониат метавонад фаъолият кунад. Замоне ки литсензия набуд, ҳама ба симкортфурӯшӣ машғул шуданд ва ба ҳар касе мехостанд, симкорт фурӯхтанд. Ба ҳамин хотир, тартиботи нав ҷорӣ шуд, ки фурӯши симкортҳо ба танзим дароварда шавад», — иброз доштанд дар Хадамоти алоқа.
Тибқи иттилои ширкатҳои мобилӣ, дар Тоҷикистон беш 100 маркази дилерӣ фаъолият мекунад, ки аксарияти он ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ дорад. Ин дилерон ба навбати худ то 10 ҳазор субдилеронро дар ихтиёр доранд. Субдилер – агент ё намояндаи дилер аст, ки бо роҳи миёнаравӣ тиҷоратро ба роҳ мемонад. Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилӣ, 80 дарсади симкорти муштариён маҳз тавассути дилерон ба фурӯш меравад. Ҳамаи ин субдилерҳо барои пеш бурдани фаъолият аз қайди мақомоти андоз гузашта, андоз аз даромад месупоранд. Яъне, ин маблағи даромад ба буҷаи кишвар меравад. Дар сурати минбаъд фаъолият накардан онҳо маҷбуранд, ки иҷозатномаи корро қатъ созанд. Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки воқеан дар фурӯш симкорт тавассути марказҳои дилерӣ баъзе камбудиҳо ҷой дошт ва он бояд ислоҳ шавад. «Аммо манъ кардан ва таҳти инҳисор қарор додани ин бозор роҳи ҳал нест. 10-уми апрели соли ҷорӣ зимни як нишаст, ки тамоми намояндагони ширкатҳои мобилӣ сарҷамъ меоянд, ин масъаларо дида мебароем. Беҳтарин роҳ ин муколамаи ширкатҳои мобилӣ бо танзимгари ин соҳа аст, ки дар якҷоягӣ ва бо назардошти манофеи дуҷониба мушкилро ҳал кунанд»- мегӯяд ӯ.
48 000 000 сомонӣ куҷо меравад?
Айни замон дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ: «Вавилон-мобайл», «Мегафон», «Тселл» ва «Билайн» ба муштариён хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ, ин ширкатҳо ҳудудуди 5 миллион муштарӣ доранд. Ҳар моҳ ширкатҳои мобилӣ аз муштариён ба андозаи 80 дирам ҳаққи хизматрасонӣ мегиранд. Аз рӯйи ҳисобҳо, маблағи умумӣ аз ин ҳисоб ҳудуди 48 000 000 сомониро ташкил медиҳад. Алоқаи мобилиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад медонанд. Нафарони зиёде мехоҳанд, ки ин бозорро дар дасти худ дошта бошанд. Аммо дар соли сипаришуда ширкатҳои «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби мақомоти андоз бинобар сабаби ҷой доштани мушкилот дар пардохти андоз ҷаримабандӣ гардиданд. Аз ҷумла, ширкатҳои «Билайн» 151,3 миллион сомонӣ, «Мегафон» — 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» — 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои судӣ мағлуб баромаданд. Аммо ширкати «Тселл» бошад, нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоида арзёбӣ мекунад. Аммо таҳлилгарон инро як бозӣ байни гурӯҳҳо ва ширкатҳои мобилӣ медонанд, зеро «Тселл» дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ширкатҳо муштариёни бештар дорад ва кӯшиш мекунад, ки сатҳи хизматрасониро боло бараду муштариёнашро боз ҳам бештар ба худ наздик кунад.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ чӣ мегӯяд?
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хизматрасонии терминалҳоро таҳлил карда, муайян намудааст, ки бархе ширкатҳо қарори ҳукуматро дар ин соҳа риоя намекунанд. Дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, тибқи талаботи банди 14 боби 4 «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 тасдиқ шудааст, бояд ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад».
Манбаъ мегӯяд, зимни санҷиш муайян шуд, ки талаботи мазкур риоя намегардад ва ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо то 3% ва баъзе мавридҳо то 10 фоиз маблағ ситонида мешавад. Амали мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро поймол намуда, боиси вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад, зеро тибқи талаботи моддаҳои 3 ва 8 қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад.
Ин ниҳоди масъули ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон илова намудааст, ки «ба операторони алоқаи мобилӣ, аз ҷумла ҷСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Таком», ҶСП «ТТ Мобайл», «Тоҷикмобайл», ҶСП «Телеком Технолоҷӣ» ҶСП «Вавилон Мобайл», ҶСП «ТК Мобайл» мактубҳои расмӣ ирсол гардиданд, то дар шартномаҳои амалкунанда бо ширкатҳои хизматрасонии терминалҳо, фавран тағйиру иловаҳо оид ба қатъ намудани ситонидани фоиз аз тавозуни истифодабарандагони симкортҳо дароварда шавад.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид намудааст, ки феълан фоизситонӣ қатъ шудааст ва масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад. Коршиносон пурзӯр намудани фаъолияти терминалҳоро аз ҷониби мақомот, як навъ танг ва азхуд намудани ин бозор аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида медонад. Чунки баъди ин ҳолат нархи терминалҳои мобилӣ нисбат ба арзишри аслиаш чандин маротиба паст фаромад. Соҳибкорон баъди гирифтани фоиз аз ҳаққи пардохти маблағ маҷбур шудаанд, ки терминалҳои худро бо нархи хеле арзон ба фурӯш монанд. Агар аз ин терминалҳо фоидае набошад, онро кӣ мехарад? Мутахасссион, соҳибназарон метавонанд доир ба ин мавзӯъ назари худро нависанд: [email protected]
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ