Терористони худкуши ДИИШ асосан тоҷикон будаанд

Бино ба гузориши Маркази мубориза бо терроризми Гаага, дар як соли охир дастикам 27 зодаи Тоҷикистон дар Ироқу Сурия даст ба ҳамлаҳои маргталабона задаанд. Тоҷикҳо дар байни маргталабони хориҷии созмони ифротии ДИИШ дар ҷои аввал будаанд.

Маркази мубориза бо терроризм, як созмони таҳқиқотии қароргоҳаш дар шаҳри Гаага Ҳолланд дар гузориши муфассале бо номи «War by Suicide: A Statistical Analysis of the Islamic State’s Martyrdom Industry” (Ҷанги худкушӣ: Таҳлили омори «саноати шаҳодат”-и ДИИШ”)навиштааст, ки аз 194 маргталаби хориҷие, ки созмони дар Тоҷикистон мамнӯи ДИИШ («Давлати исломӣ”) дар як сол — аз 1 декабри соли 2015 то 30 ноябри соли 2016 барои анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ истифода бурдааст, 27 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Аксари ҳамлаҳои маргталабонаро дар Сурияву Ироқ худи зодагони ин ду кишвар анҷом медодаанд. Аз ҷумла 65 дарсади ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Сурия бо дасти худи суриягиҳо ва 77 дарсади чунин ҳамлаҳо дар Ироқро зодагони худи Ироқ амалӣ кардаанд.

Вале аз байни маргталабони хориҷии ДИИШ, ки шахсияташон мушаххас шудааст, тоҷикҳо аз ҳама бештар будаанд. Дар ҷои дуюм зодагони Арабистони Саудиву Марокаш – 17-нафарӣ қарор дошта, 14 маргталаб аз Тунис ва 13 тани дигараш аз Русия будаанд.

Муаллифи ин гузориш Чарли Винтер дар байни маргталабони хориҷии ДИИШ ҳамчунин 4 зодаи Узбекистон ва 2 зодаи Қазоқистонро зикр карда, менависад, аксари ин маргталабон ба худ лақаби «Ал-Ансорӣ» ва «Ал-Муҳоҷир»-ро мегиранд, ки хориҷӣ будани онҳоро таъкид мекунад.

Чарли Винтер менависад, «чунин ҳузури зодагони Тоҷикистон дар раъси ин ҷадвал ҷолиби таваҷҷӯҳ мекунад. Дар 12 моҳ дар ҳамлаҳои маргталабона дар Сурияву Ироқ аз ҳама бештар тоҷикҳо кушта шудаанд. Ин рақам аз зовияи таносуби теъдоди маргталабон ба шумораи аҳолии кишварҳо қобили арзёбии боз ҳам бештар буда, гумонеро ба вуҷуд меорад, ки тоҷикҳо ҳадди аққал то ҳадде ба далели миллияташон дар ҳамлаҳои маргталабона истифода бурда мешаванд… Ва шояд як далели ин ки бино ба сарусадоҳо, ба баландтарин мақоми низомии ДИИШ шаҳрванди Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро таъйин кардаанд, ҳамин бошад.”

Гузориш мегӯяд, маргталабон қабл аз анҷоми ҳамлаҳо ба таври амиқ мағзшӯӣ мешаванд ва дар зеҳни онҳо ин ақидаро талқин мекунанд, ки ба муҷарради «нӯшидани ҷоми шаҳодат” ҳама лаззатҳои зиндагии он дунё дар ҷаннат насибашон мешавад. Дар асл, менависад Чарли Винтер, ҳамлаҳои маргталабона барои созмонҳои ифротие, чун ДИИШ танҳо як шеваи аз нигоҳи хароҷоти низомӣ арзонтарини пешбурди ҷанг ва ноил шудан ба ҳадафҳои ҷангии ин гурӯҳ аст ва ин маргталабон дар амалиётҳои интиҳорӣ ҳамчун «гӯшти зинда” истифода мешаванд.

Маркази мубориза бо терроризми Гаага менависад, ки теъдоди ҳамлаҳои маргталабона дар саросари ҷаҳон беист меафзояд. Агар дар соли 2011 ҳар моҳ дар дунё 17 ҳамлаи маргталабона сабт мешуд, соли 2013 теъдоди моҳонаи чунин ҳамлаҳо ба 52 ва дар соли 2015 алакай ба 76 расидааст.

ДИИШ аз декабри соли 2015 то поёни ноябри соли 2016 масъулияти анҷоми 1095 ҳамлаи маргталабона дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигарро бар дӯш гирифтааст.

ДИИШ ё «Давлати исломӣ” як созмони тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурияву Ироқро тасарруф кард ва дар ин сарзаминҳо аз таъсиси ба ном «хилофати исломӣ” хабар дод. Ин созмон бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва муҷозоти сангин барои ҳатто кӯчактарин нақзи қоидаҳои шариат ном баровардааст.

Давлатҳои ҷаҳон ба раҳбарии Амрико барои мубориза бо «Давлати исломӣ” эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои ин гурӯҳ ва дигар созмонҳои ифротиро бомбаборон ва нирӯҳои дигари мухолифини Сурия ва ҳамин тавр, чирикиҳои курд ва артиши Ироқро алайҳи ин гурӯҳҳо кумак ва таъмини силоҳ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундрав, асосан ба ДИИШ пайвастаанд, ҳудуди 1100 нафар баршумурда, мегӯянд, то имрӯз дар бораи ҳалокати то 300 зодаи Тоҷикистон дар он ду кишвари ҷангзадаи арабӣ гузориш шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *