Қомат афрохтани муҷассамаи модар дар Кӯлоб

Дар остонаи «Рӯзи модарон» дар шаҳри Кӯлоб муҷассамаи модар, қомат афрохт. Ин муҷассама дар Боғи 15-солагии Истиқлол дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин бунёд шудааст. Рамазон Мирзоев, мудири шӯъбаи фарҳанг дар шаҳрдории Кӯлоб рӯзи 7 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин муҷассама бо маблағи 7 ҳазор сомонӣ аз сӯи муҷасаммасозони кӯлобӣ омода шудааст ва ҳадя ба модарон дар рӯзи ҷашнашон мебошад. Як сол қабл дар назди бинои Сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар ин шаҳр «Пайкараи оила» низ қомат афрохта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *