Террорист иқрор мешавад…

Ҳусейн Абдусамадов,  сокини шаҳри  Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизионӣ пайдо  шуд.

Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон таҳия ва шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Абдусамадов дар ин барнома гуфт, ки ҳамларо бо супориши шахсе бо номи Қорӣ Носир анҷом додааст. Ӯ инчунин иддао кард, ки нақшаи ташкили ҳамларо раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ кашида ба онҳо супориш додааст, ки “дар Тоҷикистон амалеро анҷом диҳанд, ки хусусияти байналмилалӣ дошта бошад”.

Аммо  ҲНИТ даст доштанаш дар ҳамла ба сайёҳонро рад карда ин иттиҳомро “бемантиқ” хондааст.

Дар барномаи телевизионии “Гирдоб” инчунин саҳнаи аз бонк пул гирифтани Абдусамадов, ки камераҳои назоратии бонки “Эсхата” дар Норак сабт кардааст, намоиш дода шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ин маблағ барои ташкили ҳамла ба хориҷиҳо ирсол шудааст.

Дар он ҳодиса ҳамлагарон савори мошине аввал ба сайёҳони велосипедсавор ҳамла карда,  баъадн  онҳоро бо корд ба ҳалокат расониданд. Дар натиҷа, 4 нафар шаҳрвандони Амрико, Ҳолланд ва Швейсария кушта шуда, се нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти тоҷик масъулияти ин ҳамларо ба дӯши ҲНИТ вогузор карданд, вале дере нагузашта дар интернет саҳнаи ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” савганд ёд кардани афроди гумонбар дар ҳамла нашр шуд.

Дар изҳороти Прокуратураи генералии  Тоҷикистон дар робита бо ин ҳодиса моҳи август гуфт шуд, ки ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо (сокинони Норак) анҷом додаанд. Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *