Сабукиҳои Ӯзбекистон ба қатораҳои Тоҷикистон

Бар асоси шартномаҳои пештар басташуда, Ӯзбекистон барои қатораҳои мусофирбар ва боркаши Тоҷикистон сабукӣ дод. Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин тартиб, сар аз 1 августи соли ҷорӣ ҷониби Ӯзбекистон ба қатораҳои Тоҷикистон иҷозат дод, ки дар истгоҳҳои Термиз, Қаршӣ ва Самарқанд мусофир фароранд ва мусофир гиранд.

Инчунин ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон сар аз 15 августи соли ҷорӣ то 31 декабр барои интиқоли бор тавассути роҳи оҳани қитъаи Келес-Кудуклӣ, Кудуклӣ-Келес, Кудуклӣ-Қарақалпоқистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Қарақалпоқистон ба қатораҳои Тоҷикистон сабукӣ дод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *