Терроризм — вабои аср
Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад.
Хушунатҳои марбут ба экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар маврид густариши ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон амалї мешавад.
Маҳз бо ин роҳу восита бадхоҳон ва манфиатљӯён дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд.
Дар ҷомеаи кунунї бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсиру оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ, побанди раванду зуҳуроти гуногуни номатлуби иҷтимоӣ мегарданд.
Аз ин рӯ, насли калонсол — падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии кишварро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Онҳоро огоҳ намоянд, ки маҳз он ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касбу кори муайян надоранд, аз ҳама бештар ва зудтар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан меафтанд.
Терроризм ва экстремизм то ҳанӯз ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, ба хатари глобалї табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, ҳар сокини Тољикистонро зарур аст, ки дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ љаҳд намуда, масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем.
Солеҳ РАҲМОНОВ,
муаллими факултети филологияи руси ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ