Намоиш-фурӯши чакану гулдӯзӣ дар Боғи Куруши Кабир
Аз 1 то 21-уми март дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакану гулдӯзӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои Кумитаи занони Тоҷикистон, ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар дар ин чорабинӣ ширкат намуда, либосҳои миллӣ, матоъҳои гуногун, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, зару зевар ва дигар маҳсулоти ҳунарии худро пешниҳод хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ