Тест: Бахил ё дилкушод?
Бо дидани чизе, ки дигарон доранду шумо надоред, бухлу ҳасад гулӯятонро фишор медиҳад? Донистан мехоҳед, ки ин хислат дар вуҷуди шумо то кадом дараҷа реша давондааст?
Пас ба саволҳои зерин посух гӯед.
- Замони кӯдакӣ аз дигар кӯдакон бозичаи ба шумо маъқул афтодаро кашида мегирифтед?
- Шумо худро инсони бетолеъ ё бе қадр мешуморед?
- Дӯстдошта ё ҳамсаратонро бо дигарон қиёс мекунед?
- Аз шумо зиёдтар маош гирифтани дӯстонатон табъатонро малул месозад?
- Аз муваффақияту пешравии рафиқонатон шодӣ намекунед?
- Ба ақидаи шумо кори бонуфузро танҳо тавассути шиносбозӣ пайдо кардан мумкин аст?
- Дар меҳмонӣ нафаре аз шумо либоси беҳтар ба бар намуд бошад, табъатон хира мегардад?
- Орзуи дар хориҷа ё шаҳри дигар зистанро доред?
- Шумо худро шахси бетолеъ мешуморед?
- Фикр мекунед, ки пул дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозад?
- Дастовардҳои дӯсту дугонаҳоятонро бо душворӣ таҳаммул мекунед?
- Чунин ҳам мешавад, ки баъзан аз бадбахтии дигарон шодӣ мекунед?
- Ба ҳоли наздиконатон механдед?
- Дар ҳаққи одамони машҳур бадгӯӣ мекунед?
- Фикр мекунед, ки ба шумо ҳасад баранд ҳам, ин рӯякӣ аст?
- Шиносҳоятон чизҳои қиматбаҳо ё мошини навашонро ба шумо нишон диҳанд, асабӣ мешавед?
Барои ҳар як ҷавоби мусбӣ (ҳа) ба худ 2 хол гузошта, холҳоро ҷамъ кунед ва ба натиҷа нигаред.
Аз 0 то 6 хол
Шумо комилан аз бухлу ҳасад покиза ҳастед ва ба қуввату давлати худ эътимод доред. Аз комёбиҳои дигарон бо дили соф шодӣ мекунед, барои ҳамин хислататон атрорфиён шуморо дӯст медоранд. Шумо ҳар рӯз дӯстони нав ба нав ёфта, шоду масрур зиндагӣ мекунед.
Аз 8 то 18 хол
Шумо дар вуҷудатон бухлу ҳасад дошта бошед ҳам, онро бекина мешуморед. Аз муваффақияту пешравии дигарон ба ғазаб намеоед, вале шодӣ ҳам намекунед. Дар оянда кӯшиш намоед, ки дастовардҳои дигаронро таҳҳамул карда, барои пешравӣ дарси ибрат бигиред.
Аз 20 то 30 хол
Шумо бисёр одами бахилед. Атрофиён аз тарси он ки табъи шумо бо дидани зару зевар ва либосу мошини қиматбаҳояшон хира нагардад, дар ҳузуратон худро ноҳинҷор ҳис мекунанд. Бухлу ҳасадро аз дил дур карда, зиндагии ором ба сар баред, зеро бахилӣ дар вуҷуди кас қаҳру ғазаб ва ҳатто нафратро пайдо сохта, на танҳо зиндагиро дар назар бемаънӣ месозад, балки саломатиро низ вайрон мекунад.
Таҳияи Нодираи Раҷаб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ