Тест: Шумо ҷангараед ё оромтабиат?
Хислати одамон ҳархела аст, баъзеҳо бо андак гап ба ғазаб омада ба қавле дунёро “оташ” мезананд. Бархи дигар ранҷидани худро нишон надиҳанд ҳам, дар дил кина мегиранд, тоифаи сеюм даст афшонда, ба гапу кори дар атрофашон гузаштаистода аҳамият намедиҳад. Биёед месанҷем, ки шумо ҷангара ҳастед ё оромтабиат?
- Табъи шуморо хира сохтан имконпазир аст?
а) бале;
б) баъзан;
в) не. - Касе шуморо хафа кунад, ранҷишатонро то дергоҳ фаромӯш намекунед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не. - Барои ҳар гапу кори майда-чуйда ва ночиз, аз қабили аз автобус дер мондан, пиёларо шикастан ва остини куртаро ифлос намудан ғамгин мешавед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
4. Ҳолатҳое мешаванд, ки муддати тӯлонӣ дар дунёи худ фурӯ рафта, касеро дидану шунидан нахоҳед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
- Шӯру ғавғои зиёдатӣ шуморо парешонхотир менамоянд?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
6. Рафтору эҳсосоти худро дурудароз таҳлил мекунед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
7. Дар сари эҳсосот оқибати корро андеша накарда, амал мекунед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
8. Шаб хобҳои даҳшатнок мебинед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
9. Баъзан худро аз дигарон пасттар эҳсос мекунед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
10. Табъатон тез-тез хира мешавад?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
11. Дар вақти баҳс кардан дар садоятон ларзиши гоҳ пасту гоҳ баландтар эҳсос мешавад?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
- Шумо зуд ба ғазаб меоед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
13. Табъатон хира бошад, ҳатто хӯроки лазиз дар даҳонатон бе маза метобад?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
14. Вақте шуморо намефаҳманд, асабӣ мешавед?
а) бале;
б) баъзан вақт;
в) не.
Холҳоро ҳисоб кунед
Барои ҳар як ҷавоби «бале» ба худ 0 хол, барои ҷавоби «баъзан вақт» 1 хол ва барои «не» ба худ 2 хол гузоред. Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед.
23-28 хол
Шумо асабу мизоҷи ором доред, ҳеҷ гоҳ гапу гапча ва майда-чӯйдаҳои зиндагӣ наметавонанд шуморо дилшикаставу асабию ғамгин созанд. Эҳтимол баъзеҳо шуморо шахси дилсарду бефарқ меҳисобанд. Ба рашку ҳасади ин тоифа диққат надиҳед.
17–22 хол
Шумо хеле зуд қаҳр мекунед ва ғазабатон на танҳо ба худатон, балки барои атрофиён низ мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Ҳангоми асабоният дарҳол бо наздикон ё ҳамкоронатон ҷангу ҷанҷол мекунед. Барои ҳар як майда-чуйда асаби худу дигаронро хароб насозед.
0-16 хол
Шумо одами бисёр бадқаҳр ҳастед ва хислати ниқор гирифтан ҳам доред. Табъатон ҳар замон дигар шудан мегирад. Барои дупула гап шуда ба атрофиёнатон хеле дарднок аксуламал нишон медиҳед. Хислати худро тағйир диҳед, вагарна ба бадӣ ном мебароред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ