Ба хонаи Билл Клинтон бомба фиристоданд

Ба хонаи Ҳилларӣ ва Билл Клинтонҳо дар Ню-Йорк афроди ношинос ду дастгоҳи тарканда фиристоданд. Дастгоҳҳои таркандаро кормандони почта пайдо кардаанд, менависад нашрияи The New York Times.

Фиристандаи бомба ба манзили Клинтонҳо, коргоҳи президенти пешини ИМА Барак Обама, телевизиони CNN ва миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос ба эҳтимоли зиёд як нафар ё як тим аст. Ба ҷуз ин, ба додситони пешин Эрик Холдер ва когрессмен Дэббӣ Вассерман Шултс дар Флорида ҳам бомб фиристодаанд. Дар ин бора пулиси Ню-Йорк хабар медиҳад. Ба иттилои мақомот, ин бомбаҳои худсохт будаанд.

Президенти ИМА гуфт, дар Амрико хушунати сиёсӣ вуҷуд надорад. Доналд Трамп хабар дод, дар ин кишвар таҳқиқи густардае дар мавриди бомбфиристӣ шуруъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *