Тфу бар Толиби лаъин! Падарро пеши чашми писар ба дор овехтанд!

Толибони террорист дар вилояти Дойкундии Афғонистон як падарро пеши чашми писар ба дор овехтанд

Онҳо аз зораву таваллои тифлаки гирён заррае ҳам инсон будани худро вонамуд накрданд. Ба ашки чашми писарак раҳмашон номад. Гӯиё андаруни сина дил не, санге доштанд. Охир он нолаву зорӣ роҳгзаронро ба гиря овард. Дилҳоро захмӣ кард. Аммо дили сангини Толибон нарм нагашт. Ва онҳо ҳалқаи дорро дар пеши назари фарзанди ноболиғу бигуноҳаш ба гардани падар карданду ӯро куштанд. Пас аз он амали ваҳшиёнаи Толибон дар дидагони булурини ин писараки дилхун симои Толиб ба кадом намуд аст? Хунхор? Ваҳшӣ? Қотил?

Ва…Барои ин ҳама ваҳшониятро дарк намудан сараввал инсон бояд буд. Ба қавли бештари давлатҳои абарқудрат «Толибон тағйир кардаанд». Бале, тағйир карданд аз замони пеш ваҳшитар гаштаанд. Магар онҳо  кур ҳастанд, ки ин ваҳшониятро намебинанд ё ин ки ҳаёти ин мардум ба мисли пашша қадр надорад? Аз инҷост, ки инсоният назар ба Толибон ваҳшитар гаштааст.

Дар ин акс тасвири ба дор овехтани падар пеши ҷашми писар дар вилояти Дойкундии Афғонистон. Барои писар хеле дардовар, ки ин манзараро бо чашмони сараш мебинад. 

طالبان تروریست در ولایت دایکندی افغانستان یک پدر را پیش جشم پسر به دار اویختند

برای این همه وهشانیت را درک نمودن سرول انسان باید بود به قول بیش‌تر دولت‌های ابرقدرت » طالبان تغییر کرده‌اند » . بلی ، تغییر کردند از زمان پیش وحشی‌تر گشته اند . آیا کور هستید ، که این وهشانیت را نمی‌بینیید یا این که حیات این مردم به مثل پشه قدر ندارد ؟ از اینجاست ، که انسانیت نظر به طالبان وحشی‌تر گشته‌است .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *