The Economist: Пешгӯйии нооромӣ дар Осиёи Марказӣ

Нашрияи бритониёии The Economist нуҳ кишвари ҷаҳонро номбар кардааст, ки ба далели афзоиши қимати маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои энергия дар 12 моҳи оянда дар онҳо эҳтимоли нооромиҳо вуҷуд дорад.

Дар байни ин 9 кишваре, ки дар онҳо эҳтимолияти баланди ба вуҷуд омадани бетартибиҳо вуҷуд дорад, ду кишвари Осиёи Марказӣ номбар шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат зикр нашудааст.

Дар маводи нашрия мушкилоти ҷойдоштаи марбут ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ дар ҷаҳон бар асари пандемия ва муноқишаи низомии Русия ва Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Қирғизистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шудааст, ки соли наздиктарин дар он рух додани нооромиҳо аз эҳтимол дур нест. Сатҳи пешгӯйиро коршиносон баланд арзёбӣ мекунанд.

Ба ҷуз Қирғизистон, ба ин рӯйхат Туркманистон низ шомил гардидааст.

Ҳамчунин, дар Покистон, Туркия, Перу ва 4 кишвари Африқо — Миср, Тунис, Уганда ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ ба амал омада метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *