Шароби тоҷикӣ. Чӣ тавр онро дар шароити хона омода мекунанд?

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор таҳти рақами 180 иҷозат дод, ки сокинон аз ангур 30 литр, аз намудҳои дигари мева 30 литр ва аз буттамева 30 литр, дар умум 90 литр машрубот ва нӯшокиҳои спиртӣ омода кунанд. Барои истеҳсоли ҳамин миқдор машрубот сокинон аз пардохти аксизӣ озоданд.

Ангури Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон минтақае нест, ки навъҳои гуногуну лазизи ангур напазад. Танҳо дар соли 2021 мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ бештар аз 238 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд. Бо як калима, ҳосили ангур дар кишвар фаровон аст. Содироти ангур низ ба хориҷи кишвар омори назаррас дорад. Дар соли 2021 аз ҷумҳурӣ 51,2 ҳазор тонна ангур ба хориҷ бароварда шудааст.

Дар баробари токзорҳои калон сокинон дар ҳавлиҳояшон низ ниҳоли ток доранд, ки ҳосили фаровон медиҳад.

Бархе аз сокинони кишвар дар баробари омода кардани мураббову мавиз машрубот низ омода мекунанд. Ҳарчанд истеъмоли шароб ё виноро на ҳар як сокини кишвар ба худ иҷоза медиҳад, вале омодакунандагони он байни сокинон кам нестанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 шаробкашӣ ва майпазиро барои шаҳрвандон иҷоза доданд. То ҳамин сол сокинон барои истеҳсоли то 30 литр машрубот аз андози аксизӣ озод буданд.

Ангур бояд нағз пухта бошад

Шаҳноз Раҳматова, ки омода намудани вино барояш машғулияти дӯстдошта аст, мегӯяд, шаробпазиро аз падараш омӯхтааст. Нахуст ба падар дар омода кардани он ёрӣ мерасонд ва ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе барои худ ва шавҳараш ин машғулиятро “ҳоббӣ” интихоб мекунад.

“Тақрибан чор сол пеш ҳосили ангур хело зиёд шуд. Нахуст ба ҳамсояву хешон тақсим кардам. Вақте ба падарам шикоят кардам, ки боқимондаро намедонам чӣ кор кунам, маслиҳат доданд, ки вино омода кунам”,- нақл мекунад вай.

Ҳамин тавр, акнун ин бону машрубот омода мекунад.

Асрори асосии винои хуштаъмро Раҳматова дар меваи хуб пухта расида медонад ва таъкид мекунад, ки “пеш аз ҳама бояд ангур нағз пухта бошад”.

Шаҳноз ҳамроҳи шавҳараш нахуст ангурро дона карда мешӯянд ва сипас ба коркарди он шуруъ мекунанд. Онҳо асосан аз зарфҳои шишагини 10-литра истифода мебаранд. Ба қавли худашон, таносуби маҳсулотро тахминан андохта, бо мизони чашм бармекашанд.

“Хамира қариб ду ҳафта меҷӯшад, газ мебарорад. Сипас обполо мекунем. Чӣ қадар бисёртару хубтар поло кунем, ҳамон қадар шароб соф мебарояд”,- мегӯяд бону.

Шаҳноз бар он аст, ки ба шароб метавон шакар ҳамроҳ кард, аммо ба он винои хушк, яъне бидуни шакар ва каме туршак маъқул аст.

Ба қавли шаробпаз, винои сурхро ӯ танҳо аз ангури сурх ва сиёҳ тайёр мекунад ва маззааш бойтар аст. Ҳамчунин, дар ин намуди вино моддаҳои муфид зиёданд.

“Мо спирт ҳамроҳ намекунем, зеро ба қавли шавҳарам, он маззаро вайрон менамояд. Дар ин ҳолат май 11-12 дараҷа мешавад”,- қайд мекунад Раҳматова.

Дар таҳхонаи Шаҳноз даҳҳо литр шароб меистад. Вай мегӯяд, ки “ҳамаи онро наметавон нӯшид”. Ба қавли бону, агар аз ин нӯшокии “мамнуъ” дуруст истифода кунанд, касеро майзада нахоҳад кард, балки танҳо метавон аз он лаззат бурд. Ғайр аз ин шаробро метавон дар ошхона барои мулоиму лазиз пухтани гӯшт истифода кард.

“Умуман, он бештар як ҳадяи хуб аст. Шавҳарам бо дӯстонаш мехӯрад, ба бародаронаш медиҳад. Дар Абхозистон ба ҳар нафаре, ки аз дарашон медарояд, вино мерезанд, нишонаи эҳтиромашон аст. Ин маънои онро надорад, ки онҳо майзадаанд. Афзун бар ин, байнашон дарозумрҳо зиёданд”,- меафзояд зан.

Офтоб кафили майи хуб

Мавлуда Рафиева, бонуи 50-сола сирри омодагии шаробро дар нури офтоб медонад. Зан баъди дона карда шустани ангур онро ба бочкаҳо ҷо карда, дар офтоб мегузорад. Дохили зарф бояд зич бо ангур пур шуда бошад ва даҳонаш низ сахт пӯшида бошад.

“Хамираро то нағзакак турш шудани ангур зери офтоб мегузорем. Расидани онро ҳангоми кушодани даҳони зарф аз бӯйи туршиаш мефаҳмед. Сипас ангури дохили бочкаро нағзакак ҷафида, обашро аз думча ҷудо мекунем”,- мегӯяд хонум Мавлуда.

Ӯ якбори дигар ангурро ба халта андохта, боз обашро мегирад. Сипас нӯшобаро боз ба зарфҳо андохта, се рӯзи дигар зери офтоб мегузорад, то тагшин шавад.

“Агар хоҳиш дошта бошед, дар даҳ литр хамира як пиёла ё 200 грамм спирт, шакар ва маҳлули ковоккунанда меандозед. Агар винои ширин хоҳед, шакар ҳатмист”,- таъкид мекунад вай.

Мавлуда ба шароби сурх анор ҳамроҳ мекунад. Винои сафедро чанд маротиба тагшин мекунад. Сипас ба колбаҳои 20-30-литра андохта, дар таҳхона нигоҳ медорад.

Тағйири ҳарорат лозим нест

Диловар Маҳмудов, марди 39-сола низ асрори майи лазизро дар ҳарорат медонад. Вай таъкид мекунад, ки “вино тағйири ҳароратро дӯст намедорад, барои ҳамин ман тамоми раванди шаробпазиро дар таҳхона мегузаронам”.

Диловар ангурро намешӯяд, вай мегӯяд, дар донаҳои ангури ношуста хамиртурши табиӣ ҳаст, ки минбаъд ҳангоми туршшавии ангур нақш мебозад. Афзун бар ин, ба қавли ӯ, ангурро аз ток дар рӯзи офтобӣ бояд канд.

“Агар борон шуда бошад, барои кандани ангур саросема нашавед. Чанд рӯзи дигар дар ҳавои офтобӣ гузоред”,- маслиҳат медиҳад ӯ. Маҳмудов нахуст оби ангурро месиқонад. Вай мегӯяд, ки барои ин метавон роҳҳои гуногунро истифода бурд. Аз ҷумла метавон аз гӯштқиммакунак, шарбатфишурак, ҳатто агар зиёд бошад, метавон аз таҷҳизоти сангмайдакунак истифода бурд.

“Шарбати ҳосилшударо ба зарфи мувофиқ — шишагин, сирдор, пӯлодӣ ё пластик андохта, 4 рӯз мегузорем, то турш шавад”,- таъкид мекунад вай.

Ӯ ҳар рӯз хамираи дохили зарфро омехта мекунад. Сипас оби ангурро аз пӯсташ ҷудо менамояд: “Он пӯстро боз метавон истифода бурд”.

Диловар мегӯяд, ки он тарафи коркарди нӯшоба аз хоҳиши ҳар шахс ва ангуре, ки истифода шуд, вобаста аст: аз шакар то туршии мева.

Маҳмудов бошад, дар 11 литри шарбати ҳосилшуда 2 литр об ва 2 кило шакар омехта мекунад. “Об бояд бе ягон моддаи иловагӣ, ҳатто ноҷӯшида бошад”,- таъкид мекунад вай.

Мард маслиҳат медиҳад, ки обро дарҳол омехта кунед, аммо шакарро ба ду қисмат тақсим намоед — як килоашро андохта, килои дигарашро ба як сӯ гузоред.

Сипас колбади шишагиро гирифта, хамираро мерезем, аммо пур намекунем, зеро он туршкуниро давом дода, метавонад кафад.

Ҳамин тавр, шишаҳоро бо болопӯши муҳраи обдошта пӯшонида, ба ҷое мегузорем, ки ҳарораташ 22-28 дараҷа бошад. Маҳз дар ҳамин дараҷа шароити хуб барои турш шудани хамиртурушҳо, ки дар натиҷа шакарро ба спирт табдил медиҳанд, фароҳам меояд. Раванди туршшавӣ ҳудуди 3 ҳафтаро ташкил медиҳад. То ин муддат, баъди 10 рӯз боқимондаи шакарро илова мекунем.

“Баъди се ҳафта нӯшокиро аз таҳшинаш ҷудо карда, ба ҷои нисбатан салқин, аз 10 то 16 дараҷа ҷой медиҳем, баъди 2-3 моҳ боз тагшин мешавад, боз ҷудо мекунем, муҳлати навбатии тагшиншавӣ ду ҳафтаро ташкил медиҳад, баъди як моҳи дигар боз тагшинашро ҷудо мекунем, ҳамин тавр то соли нав шароби лазизе омода мешавад”,- мегӯяд вай.

— Акнун метавон аз майи омодасохта нӯши ҷон намуд,- мегӯяд Диловар Маҳмудов ва меафзояд, ки барои омода шудани винои хушлаззат ақаллан ним сол лозим аст.

Фарида БОБОҶОНОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *