Тиллофурӯши ҳисориро кӣ кушт?
Хабари ба таври ваҳшиёна кушта шудани Гулнора ном зани тоҷир, ки бо тиҷорати тилловорӣ сару кор дошт ва мардуми ноҳияи Ҳисор аз ӯ ҳамчун аз миллионерзани тоҷик ном мебурданд, дар арафаи иди занон, аниқтараш субҳи рӯзи 3-юми март паҳн гашта, ба думболи худ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Яке мегуфт, ки тоҷирзан барои рушди тиҷораташ аз касе пул қарз гирифта, бо сабаби буҳрони иқтисодӣ маблағро баргардонида натавонистааст ва барои ҳамин ӯро чунин бераҳмона ҷазо додаанд, дигарӣ бошад баръакс иддао мекард, ки Гулиро ба хотири дороияш куштаанд. Он субҳ то расидан ба идора аз забони одамони синну солашон гуногун дар бораи марги пурасрори ин зан ман чӣ гапҳое, ки нашунидам. Овозаю ҳангомаҳо чунон даҳшатангез буданд, ки бо шуниданашон ба тани кас мурғак медамид.
-Макашро мисли гов бо корд задаанд!-Мегуфт мӯйсафеди солхӯрдае ва гиребонашро дошта тавба мекард.
-Мегӯянд, ки сарашро аз танаш ҷудо кардаанд!-Лаб мегазид ҷавонмарде, ки қиёфаи деҳқоннамо дошт.
-Як рӯз пеш ӯро дар роҳи марказии ноҳия бо мошини лексусаш дида будам. Аҷаб занаки хоксору саховатпеша буд, ҳамеша ба камбағалону бечорагон кӯмак мекард,-афсӯс мехӯрд ҷавонзане, ки дар дасташ тифлаки ширмак дошт.
-Одами хуб будаст, ки пешнамози ҷумъа шуд. Мегӯянд, ки агар одам дар ин рӯзи саид аз дунё гузарад, бегуфтугӯ рост ба биҳишт меравад,-ҳадс мезад зани нисбатан солхӯрдаи дигар…
Хуллас, ҳар кас андеша ва тахмину гумони худро баён менамуд, вале гуфтаҳои яке бо дигарӣ рост намеомад. Аз ҳамин хотир, мо тасмим гирифтем ба хонаи марҳум рафта, асли ҳодисаро аз пайвандонаш пурсон шавем.
Гулнора ё Гуля-ойтӣ?
Гулнораро аксари мардуми ноҳияи Ҳисор ва атрофи Душанбешаҳр бо номи Гуля ва Гулӣ-ойтӣ мешинохтанд. Ин зан ҳамроҳи фарзандонаш ба савдои маснуоти тилло машғул буда, зиндагии пурнишоте дошт. Гулнора 52- сола бошад ҳам, зоҳиран хеле ҷавону зебо менамуд ва одами дидагӣ ба ӯ беш аз 30 сол намедод. Шахсоне, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, аз Гулнора ҳамчун аз як зани шердил ва дасткушод ёд карда, мегӯянд, вай ҳамеша ба камбағалону муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекард ва аз баъзе мардҳо дида мардтару саховатмандтар буд, аммо…
Лексуси дар хун оғушта
Ҷасади ин зани соҳибкорро рӯзи 2-юми март, тахминан соатҳои 13:00 аз назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб дар дохили мошини шахсиаш “Лексус-PX-350” бо захмҳои фаровони корд ва нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд, аммо аз наворҳои камераҳои назоратӣ чунин бармеояд, ки қотил тоҷирзанро дар назди хонаи худаш дар даруни мошин кушта, сипас ҷисми бе ҷону ба хун оғуштаи ӯро ба Варзоб бурдааст.
Чаро чунин марги даҳшатангезро ба ин зан раво диданд?
Мақсад аз ин куштор чист: дуздӣ ё қасос гирифтан?
Қотил ва мақтул бо ҳамдигар шинос буданд ё ин куштори ваҳшиёна “фармоишӣ” буда, Гулнора бо дасти зархариде оламро падруд гуфт?
Ин ва дигар саволҳои беҷавоб моро ба манзили ин зани шаҳидгашта бурданд.
Хайрулло, писари марҳум:
Қотили хоҳарамро наёфта, модарамро куштанд
Дар саҳни ҳавлии биное, ки марҳум он ҷо зиндагӣ мекард, мардони зиёди тоқидор гаштугузор намуда, аз марги ин зани мардсифат афсӯс мехӯрданд. Мо худро муаррифӣ намуда хоҳиш кардем, ки пайвандони марҳумро ҷеғ зананд, то баъзе ҷузъиётҳои ин ҳодисаи ногуворро пурсон шавем. Лаҳзае пас ҷавони зебое, ки аз чеҳрааш ғам меборид, ба наздамон баромад ва худро ҳамчун писари марҳум муаррифӣ карда моро ба хона даъват намуд. Суҳбати мо бо Хайрулло хеле кӯтоҳ буд.
-Пеш аз ҳама ҳамдардии мо ва аҳли қалами “Оила”-ро қабул кунед! Мефаҳмем, ки барои шумо ҳоло сухан гуфтан бисёр душвор аст, зеро шахси азизтарин-модаратонро аз даст додаед, аммо…
-Апаҷон, раҳмат, ки ба дарди мо шарик шуда ба манзиламон омадед. Худованд чунин рӯзи сахтро ба сари душмани кас ҳам набиёрад.
-Ҳазрати Бедил мефармояд:
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Мардум аз модари шумо ҳамчун аз як зани саховатманд ёд мекунанд. Гумон мекунам, ин барои шумо бояд таскинбахш бошад, зеро на ҳар кас метавонад аз худ номи некро ёдгор гузорад.
-Модари маро дар ноҳияи Ҳисор хурду калон хуб мешинохтанд ва ҳурмату эҳтиром мекарданд, чунки ягон касро ноумед намекарданд. Зан буданд, аммо дили мардона доштанд, вале афсӯс, ки…
-Мегӯянд, ки пештар як духтарашонро низ чунин бераҳмона кушта буданд, рост аст?
-Бале, соли 2002 хоҳарамро куштанд. Он вақт ман дар Амрико будам. Қотили ӯро хеле ҷустуҷӯ карда бошанд ҳам, наёфтанд. Тақдирро бинед, ки баъди 15 соли марги пурмуаммо ва ваҳшатноки хоҳарам модарамро куштанд.
-Модари шумо зани одӣ набуд, мағозаи ҷавоҳирот, мошини ЛЕКСУС, хонаҳои барҳаво дошт, шояд мақсади қотил пул бошад?
-Ман ба ин бовар надорам. Қотил, агар дузд мебуд, ба роҳи зӯрӣ ё тарс додан модарамро ғорат карда мегурехт. Ҳамин хел не? Аниқ ин ҷавон дузд нест, агар дузд мебуд, ақаллан пулу ҷавоҳироти дар мошини модарам бударо мегирифт…
-Гумон мекунед, ки ин фармоиш ва қотил зархарид аст? Модаратон пештар ягон бор нагуфта буданд, ки касе ба ман таҳдид мекунад?
—Не, ягон маротиба дар хусуси ба он кас таҳдид кардани касе лаб накушода буданд, вале беҳуда дар урфият “гадо душмани гадо” нагуфтаанд, шояд нафароне буданд, ки ба модарам ҳасад мебурданд. Намедонам, чизеро намедонам. Парвардигоро, чаро чунин рӯзи шум ва сиёҳро ба сарамон овардӣ?!
-Модаратон аз ягон кас қарздор набуд?
-Не, баръакс дигарон аз модарам пул қарз мегирифтанд. Борҳо гуфтем, ки дар ин замона ба ҳар касу нокас қарз додан хуб нест, вале модарам ҳамеша дар ҷавоб мегуфтанд, ки ба корҳои ман дахолат накунед, ман кӯдак нестам, медонам, ки ба кӣ қарз диҳам.
-Аз наворҳое, ки мо дар сомонаҳои интернетӣ тамошо кардем, чунин бармеояд, ки қотил модаратонро хуб мешинохтааст, чунки вай бо дили пур дари мошинро кушода савор мешавад…
-Онҳо ҳамдигарро мешинохтанд ё не, намедонам. Шахсан ман пештар ҳеҷ гоҳ ӯро надида будам.
-Гумонбар чӣ мегӯяд? Чаро даст ба чунин амали бераҳмона задааст?
-Мегӯяд, ки барои пул ин корро кардам, вале дурӯғ мегӯяд, дурӯғ! Дилам мехоҳад аз гиребонаш гирифта, бо тамоми овоз дод занам, ки ҳой аблаҳ, ту киро фиреб дода истодаӣ, агар барои пул мешуд, ӯро тела зада аз мошин меафтондӣ ва ҷавоҳиротро гирифта мегурехтӣ. Метавонистӣ ба осонӣ мошинро рабоӣ, чунки модари ман зан буд ва зӯраш ба мард намерасид, аммо ту ин корро накарда, ба тани нозуки ӯ бераҳмона корд задӣ, чунки мақсадат на ғоратгарӣ, балки куштан буд.
Чашмони ин ҷавони модаргумкарда ҳавзи об гашта, гиря гулӯгираш кард, аз ҳамин сабаб мо дигар ӯро азият надода, хайрухуш намудем.
Гумонбар дастгир шуд, вале…
Мақомоти тафтишотӣ ҳамчун гумонбар дар куштори ин тоҷирзани 52- солаи тоҷик, ки дар ноҳияи Ҳисор чанд нуқтаи фурӯши ҷавоҳирот дошт, ҷавони 23- солаеро дастгир намудаанд, ки зодаи ноҳияи Восеи Вилояти Хатлон ва донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои пойтахт будааст. Тибқи баъзе хабарҳои ба мо расида, гӯё ҷараёни кашмакаши ӯ бо марҳум дар навори видеорегистратори мошин сабт шудааст ва қотил баробари дохили мошин шудан ба гардани Гулӣ корд зада, маки гарданашро мебураду сипас ба баданаш боз чанд зарбаи дигари ҷонкоҳ мезанад. Гулӣ дар талвосаи ҷон бо дасташ кордро дошта, бар асари он дар дастонаш захми чуқури корд боқӣ мондааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.
Маҳинаи Давлат
Р.С
Бо хоҳиши Хайрулло, писари марҳум мо акси ӯро нагирифтем. Аксҳое, ки дар ҳафтанома ба нашр расидаанд, аз сомонаҳои иҷтимоӣ гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ