Воридоти мошинҳои нав аз боҷи гумрукӣ 50% озод шуданд

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат 13 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

Шариф Раҳимзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» 50 фоиз коҳиш додани ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ба ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин росто, тибқи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» мошинҳои воридотие, ки санаи истеҳсолашон то як сол ва масофаи тайнамудаашон то 10 ҳазор километрро ташкил медиҳанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз озод карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки самти асосии ворид намудани илова ба қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 23 Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нигаронида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *