Тимсоҳи одамхӯр
Сомонаи Daily Mail хабар медиҳад, ки дар иёлоти Саравак ҳангоми сайругашт дар дарё як марди 40-солаи индонезиягиро тимсоҳ фурӯ бурдааст. Аз бедарак шудани ин марди бетақдир ҷияни 24-солааш дарак ёфта, ба ҷустуҷӯи ӯ ба соҳили дарё мебарояд. Дар ин асно каллаи тағояш дар рӯйи дарё як намудор гашта, баъдан нопадид мегардад. Дар як фосилаи начандон калон тимсоҳи одамхӯр мардро зинда ба зинда фурӯ бурдааст. Кормандони пулис боқимондаҳои ҷисми ин марди индонезиягиро санаи 13 феврал пайдо карданд. Тимсоҳ ҳангоми шикори харчанг ба мард ҳуҷум карда, бечораро дар як лаҳза туъмаи худ гардонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ