Табари дӯсту шакари душман

    Чаро аз истифодаи луғати идеология меҳаросем?

Инсон таърих меофарад ва таърих номи ӯро дар дафтари худ сабт  месозад. Бунёди беш аз 10 000 иншоот дар се сол иқдоми таърихии Пешвои миллат аст. Иқдоми сарнавиштсоз, иқдоме, ки муҳаррики буғии киштии шиновари уқёнуси Оромро ба муҳаррики реактивӣ иваз месозад.  10 000 иншоот  як шаҳри бузургест. Шаҳре, ки ҳазорон одамонро ба оғӯши гарм мегирад, кор медиҳад, нон медиҳад, ном медиҳад. Дарки ин иқдом барои ҳар фард ба андозаи муҳтавиёти мағзи сараш аст. Барои масъулине, ки ин дастури таърихиро амалӣ созанд, ҳамчунин. Шояд яке пироҳани даридаро дарбеҳ, дигаре пироҳани нав ба тан мекунад. Яке мактаб, дигаре дӯкони самбӯсафурӯшӣ бунёд мекунад. Ҳар ду ҳам иншоот аст. Вале ин куҷову он куҷост!

Ба ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи масъулин воломақоми мамлакат барои ҳар шаҳру ноҳия намояндаеро масъул сохтаанд. Ҳадаф аз дидгоҳи кул ба ҷузъ назар андохтан, дар ҳамбастагӣ бунёд намудани иншоот дар ҳама  манотиқи кишвар аст.  Он метавонад  иқтисодӣ – бунёди коргоҳи мевахушккунӣ, иҷтимоӣ — бунёди мактаб ё бунгоҳи тиббии кӯчаки муосир, рушди сайёҳӣ — меҳмонхонаҳо дар сари роҳи мусофирон бошад. Ҳама чиз метавонад бошад. Чун ин иншоот дар ҳамбастагӣ бунёд мешавад, чизе бояд бошад, ки таконе дар эҳёи (ренесанси) тоҷикону Тоҷикистон бахшад.

Меҳвари эҳё инсон аст. Инсони равшанзамир торикистонро нуристон месозад, инсони вуҷудаш торику гирифтори чоҳи таассубу мансабу пулу мол ба ботлоқи нодонию ҷаҳолат мебарад. Аз ин ҷост, ки шикори ақлҳо  ҳадафи мустамликадорон, мустамликахоҳон, қудратмандон, қудратхоҳон, ҳизбҳо, гурӯҳҳо, мухолифон, дӯстон, душманон, ҳар касе, ки дар сар мақсаде дорад, қарор гирифтааст. Созандагию сӯзандагӣ ба ҳамин айният (мағзҳо) вобаста аст. Ҳамин мағзҳо силоҳе офариданд, ки сарҳадро намепазирад, ҳарос аз боҷҳои гумруку андоз надорад. Пеши роҳи онро гирифтан, маҳдуд сохтан, завлона ба дастонаш задан кӯшиши об дар ҳован кӯфтан аст. Дару девор барояш яксон аст. Холигие ёфт, пур мекунад. Заифие ёфт, шикаст ворид месозад. Мисли гурбае ҳаст, ки пайти мувофиқи гирифтани муш мепояд. Амали он нейтрону протонро ба хотир меорад, ки атомро аз ҳолати мувозинат берун месозанд. Яъне, аз хориҷ вориди атом мешаванд ва аз он ё иони манфӣ (майдони манфӣ) ё иони мусбат (майдони мусбат)  месозанд. Қудрати он аз яроқи ҳастаӣ бузургтар аст, ба мағзи сар ворид мешавад ва маҷрои ҳаракати онро дигар мекунанд. Яъне,  соҳиби мағзро ё Қутайба ибни Муслим ё Деваштич, ё ҷоҳил ё соҳибмаърифат, ё хоин ё фарзанди вафодори Ватан месозад. Номи он иттилоъ (от) аст, ки ҳам ғизо барои мағз асту ҳам ҳосили мағз. Ҷавҳари он сухан аст, ки шифоҳию хаттию тасвирӣ созандаю сӯзанда мебошад. Агар он бамаврид, сари вақт, ноб, нотакрор, ҳадафмандона аст,  чун рӯде хоҳад буд, ки неруи барқ тавлид мекунад. Сухан (иттилоъ) метавонад аз дил -барқи дамон ё аз забон – боди домони он бошад. Сухани парешону беҳадаф парокандалашкар, тири аз камон беҳадаф ҷаста  аст.

Асри иттилоот сухан, қалами ғуранда, буранда, сафшикани Ҳабиб Юсуфиро тақозо дорад. На сухану қалами онеро, ки аз надоштани мавқеъ гоҳ дар дӯл мезанаду гоҳ дар сӯл. Одами бемавқеъ маъмулан болонишин аст. Зеро ба ин ҳам бале мегӯяду ба он ҳам. Он хатарноктар аз гурги гурусна аст. Морест, ки ба ҳар сурохӣ осон мебарояду осон медарояд, моҳиест лағжонак. Аз ӯ намебояд сухани бурандаю ғурандаю сафшикар интизор шуд…

Бунёди беш аз 10 000 иншоот дар се сол ҳадафмандона аст. Як ҳадафи он дар баробари рушди иқтисод, иҷтимоъ аз атоми нейтрал (дар аърофмонда) сохтани иони мусбат, таъсир ба мағзи инсонҳост. Возеҳтар, ба даст гирифтани фазои иттилоотӣ, пеш бурдани идеологияе аст, ки барои расидан ба армони миллӣ мусоидат месозад.

Дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) масҷид, ки ҷойи намозгузорӣ ва амри маъруф буд, майдони  ба ҳам овардани мардуми парешони араб (баъдтар доираи он васеъ гашт) ва роҳнамоии пешвоёни онон барои расидан ба аҳдофи миллии қавми араб маҳсуб меёфт. Маънӣ, ҳадафи идеологӣ дошт. Воқеан,  масҷид бузургтарин бозёфт дар ҷаҳони ислом буд. Он мардуми парешони арабро ҷамъ меовард ва ҳадафмандона ба онҳо саф мебахшад.

Бузаргтарин бозёфти замони Иттиҳоди Шӯравӣ чойхонаи сурх ва кинотеатрҳо буданд. Онҳо ҳам чунин нақшро барои расидан ба армони космополитии Давлати Шӯравӣ-бунёди ҷомиаи коммунистӣ иҷро мекарданд. Китоби Тора ҳам дар заминаи аҳдофи миллии мардуми яҳудӣ иншо ё тавре  ки мардуми муътақид ба дину мазҳаб мегӯянд, нозил гаштааст.

Фазои интернетӣ ҳам дар заминаи ҳадафҳои миллату давлатҳое иншо гаштааст, ки лаҷоми идораи ҷаҳонро мехоҳанд ба даст гиранд.

Ин ҳама мавзӯи баҳсе хоҳад буд, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” тасмим дорад дар заминаи армони миллат (давлат)- и  тоҷикон баъдан ба миён гузорад. Вале ҳоло гап сари беш аз 10 000 иншооте меравад, ки бунёди онҳо дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат ба миён гузошта шудаанд.

Як дӯсти ман изҳор намуд, ки дар як деҳаи бузурги вилояти Хатлон нияти бунёди кохи фарҳангро дорад. Иқдоми шоиста ва сазовори таҳсин. Аз ӯ пурсидам, ки дар деҳа чӣ зарурате ба бунёди чунин кохи боҳашамат аст? Посухи ӯ фишурда ва доманфаррох буд: баланд бардоштани сатҳи фарҳанги мардум.

Албатта, бо як кох наметавон фарҳанги мардумро баланд бардошт. Вале он метавонад таъсире дар сатҳи фарҳангӣ ва иттилоотии мардум дошта бошад. Чун… кинотеатрҳо, чойхонаҳо (клубҳо) дар замони шӯравӣ. Онҳо макони консерт, кино, ҷамъомадҳо, мулоқотҳо буданд. Барои ҳамдигарро дидан, лаҳзае бо ҳам суҳбат оростан, заҳри ҳамдигарро гирифтан ва роҳнамоӣ барои расидан ба аҳдофи давлати шӯравӣ.

Кохҳо ҳам метавонанд барои расидани мардуми тоҷик ба армони миллӣ ин нақшро бозӣ кунанд. Дар ҳар шаҳре, ҷамоате вобаста ба шумораи сокинонаш иншооти фарҳангие бунёд шаванд, ки дар онҳо ҳам кино намоиш дода шавад (нақши онро набояд нодида гирифт), ҳам театрҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ намоишномаҳо гузоранд, ҳам ҷаласаҳо доир гарданд. Онҳо метавонанд боҳашамат, тумтароқ набошанд. Одӣ, вале фаъол, нақши идеологӣ дар доираи ҳадафҳои миллату давлат дошта бошанд.

Аз истифодаи луғати идеология набояд ҳаросид. Он силоҳи лазерии ҳамагир аст, ки нонамоён асту таъсирашро эҳсос мекунӣ. Сеҳри он дар сухан аст, ки ҳам ҷон мегираду ҳам ҷон мебахшад. Дар ин маврид аз ду ҳарфи душман набояд дар ғафлат шуд: агар мадҳ кард  дон, ки мақсаде дорад ва  бар манфиаташ аст, агар эроде гирифт, яқин бар зарараш. Чун сухани дӯст, ки  табарвор асту чун сухани душман, ки  шакарвор. Махсусан дар мавриди иттилоот.

Иттилоот маҷмӯи калимаю ҷумлаҳои берабте нест, ки аксари рӯзномаю маҷаллаю китобҳо аз он иборатанд. Иттилоот шаддаи марворид аст, ки хеле устокорона ва ҳадафмандона ба ҳам чида шудааст. Иттилоот вирусест, ки ба мағзи инсон ворид мешавад ва амр медиҳад: СОЗ ё СӮЗ! Мағз дастгоҳест, ки ҷисм ва рӯҳро идора мекунад. Чаро мо ба ҷисм часпему дар мағз хона насозем?Набояд фаромӯш кард, ки шикасти Давлати Шӯравӣ аз шикасти мошини идеологии он оғоз гашт.

Кор бо бунёди кохҳо, ки нақши фарҳангӣ – идеологӣ доранд,ба анҷом намерасад. Сари худ вуҷуд доштан ва дар доираи мафкураи роҳбарони маҳал фаъолият кардани онҳо ба бод рафтани маблағу мақсад аст. Як маркази идеологие бояд бошад, ки онҳоро ҳадафмандона барномасозӣ ва фаъолтяташонро таҳти назорат гирад. Таҳти идораи раисони маҳал,ки  Худо медонад аз худ кӣ метарошанд, қарор додани кохҳои нур дар роҳи расидан ба армони миллӣ об дар ҳован кӯфтан аст.

Шариф Ҳамдампур

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *