Тирандози тоҷик ба Аргентина меравад

Варзишгари ҷавони тоҷик Бежан Файзуллоев дар намуди  варзиши тирандозӣ аввалин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар Бозиҳои III олимпии наврасон дар Буэнос- Айреси Аргентинаро ба даст овард.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ӯ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр миёни мардон иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос-Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегарданд.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ қариб 4000 нафар варзишгарони наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш барои ҷоизаҳо қувва меозмоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *