Сайфулло Сафаров: Сулхи тоҷикон аз соли 2015 оғоз шуд

 Профессор Сайфулло Сафаров муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегуяд, ки сулҳи Тоҷикистон на аз соли 1997, балки аз соли 2015, пас аз қатъ шудани фаъолияти ХНИТ дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Ин нуқтаро Сафаров имрӯз дар Мизи мудаввари «Нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар раванди сулҳсозӣ» ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии Гуфтугуйи тамаддунҳо дар меҳмонхонаи «Шератон» зимни суханрониаш ироа кард.
-Мо сулҳи воқеии Точикистонро аз соли 1997 эьтироф кардаем, аммо ба фикри ман сулҳи тоҷикон аз соли 2015, аз замони қатъи фаъолияти ҲНИТ, ҳизби террористиву экстримистӣ оғоз шуд. Инро бояд иқрор кунем, зеро намояндагони ин ҳизб дар дохили давлати мо, ҳатто дохили вазорати мудофиа ҷойгир шуда, амалҳои мақсадноки худро пиёда карданӣ буданд.» — гуфт Сафаров.
Мизи мудаввари «Нақши якҷояи давлатҳои ОМ ва Япония дар раванди сулҳсозӣ» бо ташаббуси фонди Гуфтугуйи тамаддунҳо ва дастгирии Сафорати Япония дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он Хаджимэ Китаока — сафири Чопон лар Тоҷикистон, Ян Харфст — роҳбари Барномам рушди СММ дар Тоҷикистон ва Томас Коллат — иҷрокунандаи вазифаи сафиии Полша дар Тоҷикистон, коршиносон, сиёсатмадорон ва рузноманигорон ширкат меварзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *