«Аз рехтани хуни бегуноҳон худдорӣ кунанд!»

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи забонхате нашр шудааст, ки ба гуфтаи фаъолони Бадахшон, «мақомот дар Хоруғ зери он аз сокинон имзо мегиранд».

Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Хоруғ гуфта буданд, ки шоҳиди ҷамъоварии имзо аз ронандагон ва баъзе аз мардум шудаанд. Мақомоти давлатӣ хабарҳоро дар бораи имзогирӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ матни забонхате нашр шудааст, ки аз номи сокинон гуфта мешавад, ки «дар эътирозҳои ғайриқонунӣ ширкат ва аз саркардагону аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ муҳофизат намекунанд».

Гуфта мешавад, бо гузоштани имзо, сокинон ризоият медиҳанд, ки ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашида шудан, даъвое нахоҳанд дошт. Вале ҳақиқати ин нусха тасдиқ нашуда, он муҳри ниҳодеро надорад ва низ маълум нест, ки аз ҷониби кӣ тартиб дода шудааст.

Мақомот ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, он хилофи моддаи 5-и Конститутсияи кишвар аст.

Дар охири ҳафтаи гузашта сокинони шаҳри Хоруғ аз афзоиши теъдоди нерӯҳои низомӣ дар ин шаҳр хабар дода, гуфтанд, эҳтимол мақомот ба як амалиёти густурда омодагӣ мегиранд. Мақомот дар Бадахшон вазъро ором арзёбӣ карда буданд.

Зодагони Бадахшон дар муроҷиатҳои видеоӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки аз анҷоми амалиёт ва «рехтани хуни бегуноҳон худдорӣ кунанд.» Вазъ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, аз охири моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ печида аст.

Мақомот Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба латукӯби Лутфулло Наврӯзов, сардори идораи маорифи Бадахшон муттаҳам намуда, аз ӯ хостаанд, худ ё ҳамроҳонашро таслим кунад.

Маҳмадбоқиров ва ҷонибдоронаш ин айбномаро туҳмат хонда, талаби мақомотро рад кардаанд. Дар Хоруғ бо гузашти 3 моҳ аз эътирозҳо интернет нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *