Тире, ки ба синаи чанд кас зад…
Тафсилоти зиндагӣ ва худкушии Шерафган дар Фурудгоҳи байналмилалӣ
…Умед бо сари хам менишаст ва ҳар касе, ки барои фотеҳахонӣ ва изҳори ҳамдардӣ меомад, аз ҷой бархоста, зери лаб изҳори сипос менамуд. Ду рӯз боз дарвозаи бобоии онҳо боз аст ва аз он дирӯз Шерафган Хоҷақуловро ба роҳи охират гуселониданд. Ҷавонмарде, ки ҳамагӣ 38 сол дошту аз зиндагӣ умеди калон. Чаро ӯ бо дастони худ умедашро канд в чаро на ғами зану фарзандонро хӯрду на ғами наздиконро ва чаро ба синаи фарохи худ тир зад?
Кӣ ба Шерафган яроқ дод?
Дар бораи тафсилоти марги Шерафган дар оғоз ҳар гуна овозаҳо паҳн шуд. Вақте, соати яки рӯз ӯ ба зиндагии худ нуқта гузошт, аввал гуфтанд, ки худро бо таппонча паррондааст. Минбаъд равшан гардид, ки марги ӯ аз тири автомати “Калашников” сурат гирифтааст. Тавре, ҳамкорони ӯ гуфтаанд, Шерафган он рӯз сари гирифтани маоши чандмоҳаи худ бо кадом роҳбари фурудгоҳ, ки дар он ҷо ба ҳайси корманди бехатарӣ ифои вазифа менамуд, моҷаро карда, аз идора мебарояд ва минбаъд аз хонаи яроқнигоҳдорӣ (оружейка) силоҳ мегирад. Вазъи равонии ӯ дар соатҳо аз рӯи гуфти ҳамкоронаш хуб набуд. Бо вуҷуди ин, Шерафган силоҳ ба даст гирифта, ба минтақаи посбонии худ, ки дар қисмати шарқии фурудгоҳ будааст, равон мешавад… Ҳамкорон садои тирро шунида, ба он ҷо медаванд ва мебинанд, ки алалкакй кор аз кор гузаштааст ва Шерафган ба синаи худ аз яроқи дасташ тир задааст…Тавре Умед, бародари Шерафган мегӯяд, ба иттилои онҳо низ, Шерафган баъд аз пурсидани маблағи иҷораи ҳафтмоҳа ба назди кадом масъули баландпояи фурудгоҳ даромадааст, то маблағи худро бигирад.“Роҳбари фурудгоҳ дар ҷойи кор набудааст. Гапашон мегурезад. Вақте ба фурудгоҳ рафтем, ҳамкоронаш гуфтанд, ки ба штаб ва аз он ҷо ба беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» бурдаанд”… Шояд паёмаки худро дар мавриди он ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред” –ро ӯ ба бародари худ дар роҳ ба самти ҷои иҷрои вазифааш ва чанд дақиқа қабл аз худро парронданаш навишта бошад. Одамизод чунин офарида шудааст, ки баъзан аввал амал мекунаду баъд андеша. Аммо андешаи баъд аз амал барои ӯ дер шуда буд…
Шерафганро чӣ ва ё кӣ маҷбур ба худкушӣ кард?
Чӣ аз нигоҳи ислом ва чӣ аз нигоҳи дунявӣ, худкушӣ бадтарин амалест, ки инсон содир мекунад. Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки одамон аз надоштани иродаи қавӣ ва ё идора карда натавонистани ҳолати изтирории худ ба ин амал даст мезананд. Шерафган мувофиқи гуфти наздиконаш, дар хонаи иҷора ҳамроҳи зану се кӯдакаш зиндагӣ мекард. Ӯ ба соҳибхона маблағи чандмоҳаи иҷораро насупорида буд. Гузашта аз ин, баррои зиндагии ҳаррӯза маблағ зарур буд ва аҳли оила ҳама дастнигарӣ сарвари хонадон буданд. Табиист, ки чунин ҳолати ночорию нодорӣ на танҳо ба Шерафган, балки хоҳ нохоҳ ба аҳли хонаводаи ӯ низ таъсир мекард. Шояд ин ҳолатро дида рӯҳияи Шерафган боз ҳам мекоҳид. Инро акнун танҳо худаш медонаду Худо. Аммо чаро пас аз як рӯзи марги Шерафган фурудгоҳ ба таври оҷил изҳорот дод, ки гӯё ин кормандаш пурра маоши худро гирифта буд ва ҳатто изҳор медорад, ки дар ин бора санадҳои зарурӣ мавҷуданд? Тавре дар Прокуратураи нақлиётӣ гуфтаанд, то ҳол онҳо ин санадро надидаанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳол чандин нафар кормандони фурудгоҳ бо як овоз мегӯянд, ки маоши чандмоҳаашонро нагирифтаанд. Ё Шерафган аз дигарон фарқ мекард, ки маоши ӯро пурра дода буданду аз дигаронро не? Як ҳамсояи мо, ки дар ин коргоҳ кор мекунад, ҳар рӯз шикоят аз он дорад, ки аз моҳи апрел ба ин тараф маош нагирифтааст ва барои таъмини рӯзгор ба мардикорӣ машғул аст. “Агар даъво кунем, мегӯянд,ки аризаатро навису рав. Маҷбурам ба умеди фарорасии рӯзҳои нек кори бемуздро давом диҳам…” Аммо маълум нест, ки ин “рӯзҳои нек” барои ӯ ва ҳамкоронаш кай фаро мерасад ва боз ҳам маълум нест, ки кӣ ба ин ҳолат тоқат мекунаду асабҳои кӣ ба ин тоб намеоранд… Магар додани аққалан қисми ками маоши кормандон имкон надорад, дар ҳоле,ки ҳамарӯза аз фурудгоҳ чандин тайёра боло мешаванаду поён мефароянд? Албатта, ба ин савол тафтишоте, ки ҳоло давом дорад, ҷавоб хоҳад гуфт…
Аммо Умед мегӯяд: “Агар Шерафган маош мегирифт, магар худро мепарронд? То дирӯз дар картаи ӯ ягон сомонӣ пул набуд…”
Одаму одамгарӣ ҳаст, аммо дар куҷо?
Умед ашк дар чашм мегӯяд: ”Дар дунё одамони нек ҳам ҳастанд. Дирӯз як нафар пас аз ҷанозаи Шерафган ба хона омада, зани Шерафганро ба наздаш даъват кард ва бастаи дар конверт будаи пулро ба вай дароз карду гуфт: ”Ман Шерафганро вақтҳои дар фурудгоҳ кор карданам мешинохтам. Бисёр инсони хуб ва бономусе буд. Янга, ин пулҳоро гиреду сарфи гӯручӯбаш кунед.” Ин мард ҳоло соҳибкор будааст. Баъд ҳамкоронаш ҳам байни худ маблағ ҷамъ карда оварда доданд. ” Ба саволи ман,ки аз ҷониби корхона касе омада буд ва ёрмандие расид, Умед мегӯяд: “Танҳо роҳбари бевоситааш омад, фотеҳа хонда рафт. Аммо ягон роҳбари калон ва ё нафари масъул наомадааст ва касе ҳам рӯ ба рӯ ба мо изҳори ҳамдардӣ накардааст…”
…Кӯдакони Шерафган ҳамроҳи чанд кӯдаки ҳамсоя дар рӯи ҳавлии бибиашон ба ҳар тараф давида машғули бозианд. Шояд онҳо имрӯз аз он хурсанданд, ки ҳавлии бибиашон серодам шудааст. Аммо ақли кӯдаконаашон намегирад, ки онҳо такягоҳи асосиашон, падари худро абадан аз даст доданд ва минбаъд ҳаргиз “дадаҷон” — гӯён ба пешвозаш намедаванд. Ягон вақт худкушро касе ҷонибдор нест, вале боз касе ҷонибдори ба худкушӣ расондагон ҳам нест. Бояд гиреҳи ин фоҷиа то охир боз гардад, то ки рӯзгори нобасомону воқеияти талх натавонад ҷони азизи чанд нафари дигарро барад. Акнун чӣ қадар тафтишот нашавад ва кӣ гунаҳгор ё бегуноҳ набарояд, барои ин кӯдакон наметавонад падарашонро бозгардонад. Тире, ки аз камони Шерафган парид, на танҳо ба синаи худи ӯ, балки ба синаи чандин нафари дигар ҳам зад. Якеро кушту чанд нафари дигарро то охири умр захмӣ кард…
Абдумудассир АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ