Тирпаронӣ дар марз бо марги марзшикан анҷомид

Дар наздикии марзи байни Қирғизистону Қазоқистон рӯзи 23 январ як марзшикан паронида шуд. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар минтақаи Жайилгани вилояти Талас се каси ношинос 10-15 аспро ғайриқонунӣ аз марзи Қирғизистон ба Қазоқистон гузарониданд. «Марзбонон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва талош карданд марзшиканонро боздошт кунанд. Марзшиканон муқовимат нишон доданд», — омадааст дар хабар.

Марзбонон аз силоҳи оташфишон кор гирифтанд ва дар натиҷа яке аз марзшиканон маҷруҳ шуд. Ду марзшикани дигар ба ҳудуди Қазоқистон паноҳ бурданд.

Марзшикани маҷруҳшуда фавтид. Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ҷустуҷӯи ду марзшикани дигар идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *