Дуздӣ дар масҷид, қаллобӣ ва дигар хабарҳои ВКД

Дуздии 80 000-рубли русӣ дар масҷид

Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми январи соли 2019, тахминан соати 12:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз масҷиди “Имом-Бухорӣ”-и ҳамин шаҳр аз дохили ҳуҷраи либосивазкунӣ, аз ҷейби курткааш 80 000-рубли Федератсияи Россияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи ноҳияи Исфара бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Гирифтани маҳсулоти орд бо роҳи қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2018, марди 57-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 79 ҳазору 580-сомонӣ маҳсулоти орд гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии асбобҳои аксгирӣ ва наворгирӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми августи соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 1-адад асбоби аксгирии тамғаи “Сони” ва 1-адад асбоби наворгирии тамғаи “Сони”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳия бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Даст ба авбошӣ задани ноболиғ

Даст ба авбошӣ задани ноболиғ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 22-юми январи соли 2019, тахминан соати 14:30-дақиқа, писари ноболиғи 15-солаашро дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт, ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Қазоқон аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор дода, бо корд як маротиба ба пушташ задааст.

Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *