Тоҷикдухтаре, ки Ҳулбуку Чилдухтаронро дар Вашингтон муаррифӣ кард
Аслигул Тиллохонова хеле ҷавон аст, вале аллакай Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кардааст. Ин духтари танноз ва забондон аз гӯшаи зебоманзар ва домони кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон буда, донандаи ҳафт забон ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ гаштааст. Ӯ дар барномаи “Фурӯғ”-и сомонаи ОИЛА чӣ гуна ба забономӯзӣ шавқу рағбат доштану дар кадом озмунҳо ғолиб омадан ва чӣ гуна муваффақ шуданашро қисса кард.
Забономӯзӣ аз даҳсолагӣ
Аслигул Тиллохонова аз синни даҳсолагӣ ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ оғоз карда, пас аз хатми мактаб, соли 2014 аз зодгоҳ ба пойтахт омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба риштаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, факултаи забонҳои фаронсавӣ ва арабиро бомуваффақият хатм намуд. Соли 2019 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Бохтар супорид ва забони олмониро аз худ намуд.
Забони модарии худро бояд дӯст дошт
Аслигул мегӯяд, ки барои омӯхтани забонҳои дигар, пеш аз ҳама забони худро дӯст дошта, ба таври мукаммал бояд онро аз худ намуд. Омӯхтани забонҳо кори осон нест, бояд дар назди худ ҳадаф гузошт ва барои расидан ба он талош кард.
Муаррифии Тоҷикистон дар Вашингтон
Ин духтари ҷавону зебо ва серталош аз хурдсолӣ орзуҳои бузург дошт. Танҳо ба қувваи худ такя карда, нақшаи дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намудану Ватанашро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданро таҳрезӣ карда буд. Соли 2017 тариқи барномаи Flex дар Конференсияи забондонони дунё, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, иштироок карда, дар миёни иштирокчиён аз 35 давлати дунё сазовори ҷойи сеюм гашт.
Аслигул мегӯяд: “Вақте бори аввал дар озмуни сатҳи баланд ширкат доштам, эҳсоси аҷибе фаро гирифта буд. Аз ноумед гаштан, иштибоҳ кардан метарсидам. Довталабон аз дигар давлатҳоро дидам, ки кишварашонро бо як шукӯҳу шаҳомат муаррифӣ карда истодаанд. Тарс маро тарк кард ва ҷояшро ҳисси ғурур гирифт. Ба худ гуфтам, ки ман ҳам метавонам зебоиҳои кишварамро назди онҳо тасвир кунам. Вақте дар бораи қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, кӯҳи Чилдухтарон, кӯҳҳои Помир, мавзеъҳои зебои Бадахшон ва дигар мавзеҳои таърихии Тоҷикистони азиз бо якчанд забон ҳарф задам, ҳозирин ба ваҷд омада, ваъда доданд, ки ҳатман барои дидани ин ҳама зебоиҳо ба Ватани мо меоянд.”
Иштирок миёни намояндагони 43 давлат
Аслигул барои идомаи омӯзиш ба Донишгоҳи шаҳри Бохтар ҳуҷҷат супорид ва пас аз хатми он дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар ба ҳайси муаллимаи забони хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ӯ охири соли 2022 дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин донандагони забони арабӣ – англисӣ” тариқи онлайн, ки аз ҷониби донишгоҳи Ал‑Аҳзари шаҳри Қоҳираи Миср баргузор гардид, ширкат варзид. Ҳайати ҳакамон қобилияти забондониашро писандиданд ва барои иштирок дар ин озмун ӯро ба шаҳри Қоҳираи Миср даъват карданд. Дар озмуни мазкур аз 43 давлати ҷаҳон довталабон ширкат намуданд. Аслигул хотираҳои ширинашро аз ин озмун ба ёд оварда мегӯяд: “Вақте маро ба давраи сабқати озмун пазируфтанд, хеле хушҳол шудам. Дар озмун иштирокчиён хеле зиёд буданд ва мувофиқи шарти озмун иштирокчиён бояд бо чанд забоне, ки медонанд, худ ва кишварашонро муаррифӣ менамуданд. Ман бо панҷ забон арабӣ, англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ баромад намуда, соҳиби ҷоизаву диплом гардидам”.
Даъват барои кор ба Олмон ва Канада
Ширкат дар озмунҳои байналмиллалӣ барои дар оянда муваффақ шуданаш мусоидат намуданд. Вақте ӯро ба ширкатҳои бонуфузи кишвари Олмон ва Канада барои кор даъват намуданд, Аслигул чунин посух додааст: Тамоми талошҳои ман ба хотири хизмат ба давлату миллат ва Тоҷикистон аст ва ин пешниҳодро қабул намекунам, чунки аз кӯдакӣ ҳамеша орзу мекардам, ки ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунам ва бо мардумонашон бо забонҳои худашон муошират намоям. Хушбахтона, орзуи асосии ман пас аз иштирок дар озмуну конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷомаи амал пӯшид.
Омодасоз: БЕНАЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ