“Айлин”-и Мубориз Усмонов нашр шуд

Продюсер, ровӣ ва овозхони шинохта Мубориз Усмонов суруди нави худро бо номи «Айлин» дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

Ӯ дар шарҳи пораи суруди «Айлин» дар саҳифаи Инстаграмаш чунин навиштааст:

— Ин суруди дӯсти ман дар зодрӯзи духтараш Айлин аст. Айлин, зодрӯз муборак! Ҳамеша ба пеш ҳаракат кун, падарат дар барат аст.

Суруди «Айлин» чунин мисраъҳоро дорад:

Айлин, табассуми ту гарму ширин,

Айлин, нигоҳи ту дурахши парвин.

Айлин, хушрӯям Айлин,

Айлин, ҷону дилам Айлин.

Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ инҷониб Мубориз Усмонов суруди нав нашр накарда буд. Яъне, охирин суруди ӯ «Фиреби нокас» буд, ки бо намоҳангаш манзури ҳаводорон гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *