оила

Машварати ҳуқуқӣ: Бобою бибӣ ҳуқуқи муошират бо набераро доранд?

Оё бобою бибӣ ҳуқуқи муошират намудан бо набераи худро, ки аз онҳо ҷудо бо ҳамроҳии модараш зиндагӣ мекунад, доранд ё не? Барои ҳал намудани ин масъала ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан мумкин аст?

ЮСУФ, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи Кодекси оила, бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ доранд.

Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд.

Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *