Тоҷикдухтареро дар Қирғизистон боздошт намуданд
Бино ба гуфтаи мақомоти тоҷик, амнияти донишҷӯёнеро, ки ба Қирғизистон мераванд, касе кафолат намедиҳад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон аз боздошт шудани як донишҷӯдухтари тоҷик аз сӯйи мақомоти Қирғизистон хабар дод.
Вазири маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин духтар донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мебошад, ки дар шаҳри Норини Қирғизистон аст.
Вазир дар бораи боздоштшуда муфассал чизе нагуфт, аммо таъкид кард, ин духтар тавассути кишвари сеюм вориди хоки Қирғизистон шудааст.
Имомзода таъкид кард, ки ҳарчанд даъватҳо мешаванд, донишҷӯён аз рафтан ба кишвари ҳамсоя худдорӣ кунанд, аммо ин гуна ҳолатҳо боз сурат мегиранд ва муҳассилин бармегарданд.
Тамоми донишҷӯёне, ки дар Қирғизистон таҳси мекарданд, ҳарчанд ба итминон дода шуд, ки дар донишгоҳҳои ватанӣ бемамониат қабул карда мешаванд, аммо чунин ҳолатҳо боз сар мезананд, ки донишҷӯён талоши баргашт доранд.
«Мо ҳатто раҳбари кулли ДОМ дар Осиёи Марказиро даъват кардем ва хоҳиш намудем, ки шароитро барои шаҳрвандни мо дар ДОМ-и Хоруғ муҳайё ва рафтанашонро то ба эътидол омадани вазъ муваққатан манъ кунед», — афзуд вазир.
Вазир аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки ба Қирғизистон нараванд, зеро амнияташон кафолат дода намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ